Иштироки ҳайати расмии Агентӣ дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии директор Султонзода Сулаймон Саид рӯзҳои 26 - 27 ноябри соли ҷорӣ дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри Дохаи Давлати Қатар иштирок намуданд.

 

Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи баргузории нишаст табодули дониш ва таҷрибаи муваффақ дар самти муқовимат ба коррупсия дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои аъзои Созмон маҳсуб ёфта, дар кори он намояндагон ва шахсони воломақоми зиёда аз 55 давлати аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ ширкат варзиданд. 

 

Чорабинӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор гардида, дар назар аст, ки аз натиҷаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, онҳо метавонанд дар ташаккули минбаъдаи муқовимат ба коррупсия дар минтақа мусоидат намоянд.

 

Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми якдигарӣ сурат гирифта, натиҷаҳои он барои тақвият бахшидани фаъолияти мақомот дар амалигардонии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия заминаи мусоидро фароҳам хоҳад овард.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 4-умин ҷаласаи Гурӯҳи поквиҷдонӣ дар тиҷорат (BIG)-и Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ

25-26 ноябри соли 2024 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса 4-умин ҷаласаи Гурӯҳи поквиҷдонӣ дар тиҷорат (BIG)-и Шабакаи зиддикоррупсионии Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Рушд барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, таҳти унвони «Нақши ҳукумат дар  ҳавасмандгардонӣ (пешбарӣ) ва таъмини поквиҷдонӣ дар тиҷорат» баргузор гардид, ки дар он ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷкистон бо роҳбарии Камолзода Ф.А. - муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, дигар кормандони мақомот,  намояндагони Вазорати молия, Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони ҷомеи шаҳрвандӣ ва дафтари Барномаҳои САҲА дар Душанбе  иштирок намуданд.

 

Чорабинии мазкур аз 4 сессия, аз ҷумла «Нақше, ки ҳукумат метавонад дар пешбурд ва таъмини поквиҷдонӣ дар тиҷорат бозад», «Таъмини муҷозот ва таҳримҳо барои масъулияти корпоративӣ», «Муколама байни ҳукумат ва тиҷорат», «Ҳавасмандгардонӣ ва ташвиқи рафтори хуби корпоративӣ (дар корхона)» иборат буда, дар ин замина маърузачиён тибқи рӯнамо тадбирҳои аз ҷониби ҳукуматҳо, ширкатҳо ва ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ барои пешгирии коррупсия дар муомилоти тиҷоратӣ андешидашударо ба иштирокчиён маълумот доданд.

 

Ҳамзамон қайд гардид, ки Ассотсиатсияҳои тиҷоратӣ  (соҳибкорон) дар мубодилаи таҷрибаҳои муваффақ дар бахши хусусӣ ва рафъи тафовут байни ҳукумату ширкатҳо, инчунин дар расонидани  кӯмак ба корхонаҳои хурду миёна ҷиҳати ҷалби кӯшишҳо дар муқовимат ба коррупсия нақши муҳим мебозанд.

 

Илова бар ин, роҳи дигари истифодаи пурраи иқтидори бахши хусусӣ дар муқовимат ба коррупсия барои ҳукуматҳо ин таъмини дастрасии ҳамаҷониба ва бемаҳдуд ба иттилоот маҳсуб дониста шуд.

 

Зимнан, бо мақсади пайваст намудани назария ва амалия, инчунин роҳандозии табодули таҷриба, иштирокчиён атрофи «Поквиҷдонӣ ва дурандешӣ дар хизмат», «Чӣ тавр баҳодиҳии  хавфҳо ва тафтишотро дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ бояд гузаронид?», «Поквиҷдонӣ дар самти хариди давлатӣ чӣ маъно дорад?» «Чӣ тавр ҳукуматҳо метавонанд поквиҷдонӣ дар тиҷоратро пешбарӣ ва таъмин намоянд», ибрози андеша намуданд.

 

Дар умум чорабинӣ дар фазои ҳусни тафоҳум ба анҷом расида, иштирокчиён изҳори боварӣ намуданд, ки таҷрибаи андухта барои густариши ҳамкориҳои судманд ҷиҳати ба роҳ мондани муқовимати дастаҷамъона ба коррупсия ва таъмини поквиҷдонӣ дар тиҷорат дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон заминаи мусоидро фароҳам меоварад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати сӯиистеъмоли ҳокимият аз тарафи сардори зершуъбаи қайди бронҳо ва ҳифзи иҷтимоии прапоршикон, сержантон ва сарбозони эҳтиётии Комиссириати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ муайян гардид, ки Абдуллоев Р.А. аз 19 июли соли 2023 то инҷониб дар вазифаи сардори зершуъбаи қайди бронҳо ва ҳифзи иҷтимоии прапоршикон, сержантон ва сарбозони эҳтиётии Комиссириати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров кор карда истода, ҳамчун шахси мансабдор ба ҳисоб рафта, дар вақти фаъолияти кориаш ба воситаи ёрдамчии раиси Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд Раҳмонзода Ш.В.  даст ба ҷиноят мезанад.

 

Чунончи, аввалҳои моҳи июни соли 2024 Раҳмонзода Ш.В. бо Абдуллоев Р.А. вохӯрда, ба охирин иброз намуд, ки оид ба таъхир гузоштани адои хизмати ҳарбии даъватшаванда А.А.А. кӯмак намояд.

 

Абдуллоев Р.А. барои омода кардани додани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбӣ бинобар сабаби беморӣ ба номи даъватшаванда А.А.А. маблағи 30 000 сомонӣ талаб кардааст.

 

31 июни соли 2024 Раҳмонзода Ш.В. дар утоқи кориаш аз шаҳрванд М.М.М. барои омода карда додани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбӣ бинобар сабаби беморӣ ба номи даъватшаванда А.А.А. маблағи 30 000 сомониро талаб намуда, худи ҳамон рӯз аз номбурда маблағи 27 000 сомониро гирифта, аз он 8500 сомониро барои худ ва боқимонда маблағи 18 500 сомониро тавассути шаҳрванд М.М.М. ба шарики ҷиноятиаш Абдуллоев Р.А. дода, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи шаҳрванд М.М.М. зарари ҷиддӣ расонид.

 

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Абуллоев Р.А. бо моддаи 391 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раҳмонзода Ш.В. бо моддаҳои 36 қисми 5 - 391 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди анҷоми тафтишоти пешакӣ ба Суди ҳарбии гарнизони Хуҷанд ирсол карда шудааст.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати сӯиистифода аз вақолатҳои мансабии раиси Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон ва раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ муайян гардид, ки моҳи марти соли 2021 ба раиси Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияи Ёвон Тағаев Ш.Л. сокинони ҳамин Ҷамоати шаҳрак Б.Ҳ.М. ва Э.А.А. ҷиҳати гирифтани қитъаи замин барои сохтмони маркази хизматрасонӣ ва мағоза муроҷиат намудаанд.

 

Тағаев Ш.Л. бо мақсади ғараз, яъне ба даст овардани даромади муфт ҳамчун роҳбари мақомоти худидоракунии шаҳрак ваколатҳои хизматии худро бархилофи манфиатҳои хизматӣ истифода намуда, аз шаҳрвандон Б.Ҳ.М. ва Э.А.А. барои унвонии раиси ноҳияи Ёвон манзур намудани пешниҳод ҷиҳати ба номбурдагон ҷудо гардидани қитъаи замин, ки ба доираи ваколатҳои мансабиаш дохил мешавад маблағи 200 000 (дусад ҳазор) сомонӣ талаб намуда, моҳи марти соли 2021 дар ҳудуди ноҳияи Ёвон, Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав ин маблағро аз шаҳрванд Б.Ҳ.М. гирифтааст.

 

Инчунин, муайян гардид, ки моҳи марти соли 2021 ба раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Ёвон Файзализода Ҷ.Р. низ сокинони ҳамин ноҳия Б.Ҳ.М. ва Э.А.А. ҷиҳати гирифтани қитъаи замин барои сохтмони маркази хизматрасонӣ ва мағоза муроҷиат намудаанд.

 

Файзализода Ҷ.Р. бо мақсади ғараз, яъне ба даст овардани даромади муфт ҳамчун шахси мансабдор ваколатҳои хизматии худро бархилофи манфиатҳои хизматӣ истифода намуда, аз Б.Ҳ.М. ва Э.А.А. барои унвонии раиси ноҳияи Ёвон манзур намудани пешниҳод ҷиҳати ба номбурдагон ҷудо гардидани қитъаи замин, ки ба доираи ваколатҳои мансабиаш дохил мешуд, маблағи 150 000 (яксаду панҷоҳ ҳазор) сомонӣ талаб намуда, ин маблағро моҳи апрели соли 2021 дар ҳудуди ноҳияи Ёвон аз шањрванд Б.Ҳ.М. гирифтааст.

 

Оид ба ҳолатҳои болозикр нисбати Файзализода Ҷ.Р. бо моддаи 314 қисми 1 ва нисбати Тағаев Ш.Л. бо моддаи 314 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

 

Маркази матбуотӣ Агентӣ.

 

 

Чоп намудан E-mail

Ошкори ҳолати қаллобии нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – тафтишотӣ муайян гардид, ки Давронов О.А. аз 02 ноябри соли 2010 то инҷониб дар вазифаи нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара кору фаъолият карда, дар давраи фаъолияти кориаш қасди ба даст овардани даромади муфтро назди худ пеша намуда, моҳи майи соли 2024 аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо ёрдамчии сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётӣ дар самти Ворухи Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара - Кенжаев Ш.А. барои омода намудани билети номуносиб ба хизмати ҳарбӣ ба номи шаҳрванд М.М. аз хешованди охирон маблағи 40000 сомонӣ талаб намуданд.
 
Зимнан, Давронов О.А. ва Кенжаев Ш.А. кирдори ҷиноятии худро идома дода, дидаву дониста аз он ки ваколати омода карда додани билети номуносиб ба хизмати ҳарбӣ ба номи шаҳрванд М.М.-ро надоранд, давоми моҳҳои май ва июли соли ҷорӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара аз хешованди охирон дар ду ҳолат ҷамъ маблағи 40 000 сомониро гирифтанд, ки дар натиҷа аз тарафи кормандони Агентӣ дар ҷои ҳодиса дастгир гардида, далели шайъӣ - маблағи пулӣ аз онҳо ёфта гирифта шуд.
 
Оиди ҳолати мазкур нисбати Давронов О.А. ва Кенжаев Ш.А. бо аломатҳои моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Ифтитоҳи даври ниҳоии озмуни шаҳрӣ таҳти унвони: «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем».

Санаи 8 ноябри соли 2024 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 17 сентябри соли 2024, №28-231 дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ҳайати ҳакамон даври ниҳоии озмуни шаҳрӣ таҳти унвони: «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» оғоз гардид.
 
Намояндаи МИҲД шаҳри Душанбе бо сухани муқаддимавӣ баромад карда, ҳозиринро бо ифтитоҳи даври ниҳоии озмун шодбош гуфта, ба иштирокчиён барору комёбиро таманно намуд.
 
Дар рафти ниҳоии озмун корҳои аз ҷониби иштирокчиён пешниҳодшуда аз тарафи ҳайати ҳакамон мавриди баҳогузорӣ қарор гирифта, натиҷаи озмун ва ғолибони он дар шароити тантанавӣ дар рӯзҳои наздик муаррифӣ мегарданд.
Маврид ба зикр аст, ки озмуни мазкур аз 1 октябр то 1 ноябри соли ҷорӣ дар ноҳияҳои пойтахт баргузор гардида, дар он зиёда аз 3000 хонанда ширкат варзида, аз ин шумора 84 нафар ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.
 
Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Баргузории маҷлиси тантанавии раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

4 ноябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи бинои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсат маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
 
Дар чорабинӣ масъулини раёсат дар мавзуъҳои “Конститутсия ва нақши он дар эъмори давлати комилҳуқуқ ва дунявӣ” ва “Таърихи пайдоиши конститутсия” бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, вобаста ба муҳимияти арҷгузории ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
 
Қайд гардид, ки қабули ин санади сарнавиштсоз дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши калидӣ дошта, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол арзёбӣ мегардад.
 
Дар умум, чорабинӣ дар рӯҳияи баланди ватандорӣ ва ифтихор аз бузургдошти ин санаи муқаддас сурат гирифт.
Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Мулоқоти директори Агентӣ бо роҳбари Комиссияи мустақили зиддикоррупсионии минтақаи махсуси маъмурии Гонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин

31 октябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид дар ҳошияи сафари хизматӣ барои иштирок дар Конфронси якуми солонаи аъзоёни Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ бо роҳбари Комиссияи мустақили зиддикоррупсионии минтақаи махсуси маъмурии Гонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.


Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории байни ду мақомот мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд робитаҳои байниидоравӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият дода шавад.


Қайд гардид, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду мақомоти бо коррупсия муборизабаранда заминаи мусоидро фароҳам меоварад.

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Footer