Баргузории нишасти матбуотӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 феврали соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2024, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, нишасти матбуотӣ доир гардид.
Дар нишасти мазкур роҳбарияти Агентӣ, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказӣ ва маҳалливу минтақавии мақомот, инчунин доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма ширкат варзиданд.
Чорабиниро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Султонзода Сулаймон Саид бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, натиҷаҳои фаъолияти мақомотро дар соли 2024 ба саъми намояндагони воситаҳои ахбори омма расониданд.
Қайд гардид, ки Агентӣ дар соли 2024 ҷиҳати амалисозии вазифаҳои хизматӣ пайваста тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, дар самти назорати истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ, пешгирӣ ва ошкори ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд корҳои муайянеро ба анҷом расонидааст.
Зимнан, дар ин давра мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентӣ дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 484 тафтишу санҷиши молиявӣ гузаронида, ба маблағи умумии 425,7 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуданд. Тавассути чораҳои андешидашуда аз маблағҳои ошкоршудаи зарар 411,9 млн. сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шудааст, ки 296,1 млн. сомонии он бевосита ба суратҳисобҳои буҷетӣ ва 115,8 млн. сомонӣ бо роҳи ҳисоббаробаркунӣ ва даромад кардани молу мулк мебошад.
Инчунин, аз ҳисоби таъини ҷаримаҳои маъмурӣ ва корҳои таҳқиқу тафтишотӣ ба буҷети давлат 87,9 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст.
Ҳамин тариқ, дар соли 2024 Агентӣ дар ҳамаи самтҳои фаъолият 513 млн. сомонӣ ба давлат барқарор намудааст, ки 384 млн. сомонии он ба суратҳисобҳои буҷетӣ ва 115,8 млн. сомонӣ ба фоидаи ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва шаҳрвандон мебошад.
Воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 2323 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва дигар ҷиноятҳои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобастабударо нисбати 1180 нафар ошкор намуда, тафтиши пешакии 728 парвандаи ҷиноятиро нисбати 948 нафар ба итмом расонида, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба судҳо ирсол намудаанд.
Кормандони Агентӣ бо мақсади роҳандозии муқовимати низомнок бо омилу кирдорҳои коррупсионӣ, инчунин огоҳсозӣ ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи зиддикоррупсионии шаҳрвандон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 1053 вохўриҳо гузаронида, ҳамзамон 1711 ҳолати содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқамандро ошкор ва баррасӣ намуданд.
Бо натиҷаи экспертизаи давлатии зиддикоррупсионии 1426 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар 293 лоиҳа омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор ва баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои мушаххас манзур гардидааст.
Дар давраи сипаригардида баррасии саривақтии 3279 муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ таъмин гардидааст, ки бо 1651 адади он талаботи арзкунандагон қонеъ ва бо 1403 муроҷиат қарорҳои дахлдори қонунӣ қабул карда шуда, 169 муроҷиат бо сабаби беном буданашон мавриди баррасӣ қарор дода нашуданд. Дар як вақт аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ 345 нафар шаҳрвандон қабул гардида, аз рўи муроҷиатҳои онҳо чораҳои қонунӣ андешида шудааст.

Макази матбуоти Агентӣ



