Ошкори ҳолати қаллобӣ ба миқдори махсусан калон
Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ муайян карда шуд, ки Одилов Қ.М. дар вазифаи директори ҶДММ «Арса»-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кору фаъолият карда, қасди ба даст овардани даромади муфтро назди худ пеша намуда, охирҳои моҳи декабри соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии як қатор шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон даромада, ба онҳо пешниҳод намуд, ки гўё метавонад ба воситаи ҷамъияти худ бар ивази маблағи муайян онҳоро ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Британияи Кабир ирсол намояд.
Дар навбати худ, 69 нафар шаҳрвандон бехабар аз қасди ҷиноятии Одилов Қ.М. ба гуфтаҳои охирон боварӣ ҳосил намуда, ба номбурда дар умум ҷамъ маблағи 1 939 180 сомониро доданд, ки дар натиҷа Одилов Қ.М. баъди гирифтани маблағҳои зикршуда ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағи зикршударо ба манфиати шахсиаш хароҷот карда, тасаруф намуд.
Оиди ҳолати мазкур нисбати Одилов Қ.М. бо аломатҳои моддаи 247 қисми 4 банди «б» ва 262 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.
Маркази матбуоти Агентӣ.



