Баргузории маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни байналмилалии иҷтимоии зиддикоррупсионӣ «Якҷоя зидди коррупсия»
Санаи 17 январи соли 2025 дар Муассисаи таҳсилотии «Мактаби русӣ-тоҷикии ба номи А.П.Чехов»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки масъулини раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни байналмилалии иҷтимоии зиддикоррупсионӣ «Якҷоя зидди коррупсия» баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки озмун аз тарафи Прокуратураи генералии Федератсияи Россия давоми соли 2024 гузаронида шуда, дар рафти он зиёда аз 41000 мавод аз 11 давлати дунё барои иштирок дар озмун пешниҳод гардидааст ва аз тарафи аъзоёни ҳакамони байналмилалӣ беҳтарин маводҳо аз рӯи се номинатсия интихоб шудаанд.
Боиси сарфарозист, ки хонандагони Муассисаи таҳсилоти «Мактаби русӣ-тоҷикии ба номи А.П.Чехов»-и шаҳри Хуҷанд дар озмуни мазкур ширкат варзида, видеороликҳои иҷтимоии зиддикоррупсионии худро пешниҳод намуданд, ки дар натиҷа хонандагони синфи 5-уми Муассиса дар номинатсияи «Видеоролики беҳтарин» ҷои дуюм ва синфи 9-ум дар ҳамин номинатсия ҷои сеюмро ишғол намуданд.
Дар ин ҷода, аз тарафи масъулини мақомот дар шароити тантанавӣ ба ғолибони озмун туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуда, ба омӯзгорону роҳбаладон ва хонандагони Муассисаи таълимии номбурда миннатдории самимӣ баён гардида, аз хонандагон таклиф ба амал оварда шуд, ки минбаъд низ саҳми худро дар муқовимат ба коррупсия дареғ надошта, бо роҳи иштирок дар чунин чорабиниҳои байналмилалӣ барои баланд бардоштани обруву нуфузи Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

Маркази матбуоти Агентӣ



