.
30 октябри соли 2024 бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024, инчунин дар робита ба 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Маърифати ҳуқуқӣ: нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории миллӣ» ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар кори семинари мазкур раиси шаҳри Панҷакент, сардори шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон, роҳбарият ва намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва суди шаҳри Панҷакент иштирок ва оиди масъалаҳои мухталифи ҳуқуқӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул гардидааст, Истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд.
Ҳамзамон иброз гардид, ки бо заҳмату талошҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки кишварамонро ба оламиён муаррифӣ намуда, ба сӯи фардои дурахшон сарбаландона қадам зада истодаем.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гашта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаҳои номатлуб, эҳтирому риояи қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мерасонад.
Чоп намудан
E-mail
.
Рӯзҳои 30 - 31 октябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо дастгирии Намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон Конфронси якуми солонаи аъзоёни Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ баргузор шуда истодааст, ки дар кори он ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии директори мақомот иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ роҳбарон ва масъулони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат варзида, дар бораи таҷрибаи кишварҳои худ дар муқовимат ба коррупсия ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт ибрози андеша намуданд.
Инчунин, дар ҷараёни конфронс масъалаҳои фаъолияти Платформа дар соли 2024 ва чораҳои барои соли 2025 банақшагирифташуда, инчунин густариши фаъолият ва самтҳои он барои солҳои оянда мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи ташкилкунии чорабинӣ аз афзоиши тадбирҳо, табодули таҷрибаи пешқадам дар самти мубориза бо коррупсия ва андешидани чораҳои амалии зарурӣ ҷиҳати татбиқи босуръати Конвенсияи СММ зидди коррупсия иборат мебошад.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ идома ёфта ва интизор меравад, ки натиҷаҳои он ба таҳкими тадбирҳои муштараки мубориза бо коррупсия дар сатҳи минтақавӣ ва мустаҳкам кардани ҳамкориҳо дар ин самт таъсири мусбат расонад.
Чоп намудан
E-mail
.
Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Атаҷонов Н.Р. аз 22 феврали соли 2020 то инҷониб дар вазифаи раиси хоҷагии деҳқонии “30 солагии Истиқлолият-2019”-и шаҳри Турсунзода кор карда истода, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолатҳои зерин даст ба содир намудани ҷинояти қаллобӣ бо расонидани зарари махсусан калони моддӣ ба шаҳрвандон зад.
Чунончи, ӯ дар давраи аз моҳи декабри соли 2021 то моҳи январи соли 2024 дар якчанд ҳолат аз шаҳрвандон С.И.Р. маблағи 16200 доллари ИМА, К.А.С. маблағи 180 000 сомонӣ ва К.А.А маблағи 21 000 доллари ИМА бо баҳонаи ҷудо карда додани қитъаҳои замини хоҷагии деҳқонӣ ва манзили истиқоматӣ аз ҳисоби заминҳои ҳудуди ҷамоаташон гирифта, номбурдагонро фиреб дода, ба манфиати шаҳрвандон ягон амалро иҷро накард, ки дар натиҷа бо ин кирдорҳои қасдонаи худ ба шаҳрвандон зарари махсусан калони моддӣ расонид.
Оиди ҳолатҳои мазкур 9 августи соли 2024 нисбати Атаҷонов Нозимҷон Раҳматович бо дастрасии бо моддаи 247 қисми 4 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди шаҳри Турсунзода ирсол гардид.
Чоп намудан
E-mail
.
Иштироки намояндаи Агентӣ дар семинари омӯзишӣ барои масъулини мақомоти бо коррупсия муборизабаранда дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон
Рӯзҳои 21 - 24 октябри соли 2024 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси Маркази минтақавии рушди иқтидори Хазинаи байналмилалии асъор барои кишварҳои Қавқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Мубориза бо коррупсия» баргузор гардид, ки дар кори он намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзид.
Чорабинӣ бо мақсади ба роҳ мондани табодули таҷрибаҳои беҳтарин ва омӯзиши заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва стратегии муқовимат ба коррупсия баргузор гардида, дар рафти он намояндагон аз мақомоти зиддикоррупсионии давлатҳои Армения, Озарбойҷон, Грузия, Казоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ иштирок намуданд.
Дар умум, семинари омӯзишӣ дар фазои илмию мубоҳисавӣ сурат гирифта, иштирокчиён аз маърӯзаҳои пурмуҳтавои коршиносони сатҳи байналмилалӣ ва таҷрибаҳои пешқадам дар самти муқовимат ба коррупсия баҳбардор гаштанд.
Чоп намудан
E-mail
.
Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ – ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки Мирзоев Ш.Ҳ. аз 17 марти соли 2020 то 5 январи соли 2023 дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи А.Ҷомӣ ва аз 6 январи соли 2023 то 18 марти соли 2024 дар мансаби мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи А.Ҷомӣ кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш дар ҳолатҳои зеррин ҷиноятҳои қаллобӣ ва сӯиистифода аз ваколатҳои мансабиро содир намуд.
Чунончи, Мирзоев Ш.Ҳ. зимни фаъолияти кориаш дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи А.Ҷомӣ қасди тасарруфи молу мулки ғайрро бо роҳи фиреб назди худ пеша намуда, давоми соли 2020 бо истифода аз мақоми хизматиаш ба боварии ду нафар сокинони ноҳияи А.Ҷомӣ даромада, аз номбурдагон барои ҷудо кардан ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар умум маблағи 87000 сомонӣ гирифта, ба манфиати онҳо ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳоро тасарруф намудааст.
Ғайр аз ин, Мирзоев Ш.Ҳ. дар давраи фаъолияти хизматиаш дар мансаби мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД ноҳияи А.Ҷомӣ қасдан ва бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, давоми соли 2023 аз 4 нафар сокинони ҳамин ноҳия барои ҷудо кардан ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷамъ маблағи 46000 сомониро бо роҳи фиреб гирифта, ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳоро ба эҳтиёҷоти шахсиаш тасарруф намуд.
Оиди ҳолатҳои мазкур нисбати Мирзоев Ш.Ҳ. бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” ва 314 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Чоп намудан
E-mail
.
17 октябри соли 2024 дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми IV зиддикоррупсионии Тошканд баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини директори Агентӣ Талбакзода Сулаймон Талбак иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони ниҳодҳои зиддикоррупсионии Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ўзбекистон, Гурҷистон, Озарбойҷон, Латвия, Финландия, Корея, Чин, инчунин созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Барномањои рушди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд ва дигар коршиносони байналмилалӣ ширкат варзида, дар атрофи мавзўъҳои зиддикоррупсионӣ, аз қабили истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ҳамчун воситаи муассири пешгирии коррупсия, фарҳанги зиддикоррупсионӣ ҳамчун воситаи рафъи низоъҳои иҷтимоӣ ва пешгирии бархӯрди манфиатҳо суханронӣ намуданд.
Чорабинӣ дар фазои илмию мубоҳисавӣ сурат гирифта, ба иштирокчиён имконияти шиносоӣ пайдо кардан бо паҳлӯҳои гуногуни падидаи коррупсионӣ дода шуда, дар он барои баррасии масъалаҳое, ки дар самти муковимати дастаљамъона ва ҳамоҳангшуда бо коррупсия аз манфиатњои тарафайн бармеояд, фазои мусоид фароҳам оварда шуд.
Чоп намудан
E-mail
.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ва бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 11 октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Конститутсия - бахтномаи миллат” баргузор карда шуд.
Дар кори конфронс роҳбарият, масъулин ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва як қатор кормандони раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ширкат варзида, вобаста ба масъалаҳои таърихи қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар таъмини волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин вобаста ба дигар масъалаҳои мубрам баромадҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.
Қайд гардид, ки воқеан Конститутсияи Ҷумҳурии Тољикистон санади асосӣ ва тақдирсози давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азизамон ба ҳисоб рафта, он дар ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши калидӣ дорад.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои илмӣ-мубоҳисавӣ сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории он ин пеш аз ҳама дар сатҳидазлдор таҷлил намудани “Рузи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар ин замина таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва муборизаи беамон бо зуҳуроти коррупсия ба ҳисоб меравад.
Чоп намудан
E-mail
.
Санаи 09 октябри соли 2024 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон (UNODC) дар шаҳри Душанбе конфронси минтақавии коршиносонро дар мавзӯи «Санҷиши поктинатӣ дар хизмати давлатӣ: таҷрибаи пешрафта, оқибатҳои ҳуқуқӣ ва роҳҳои ҳал» баргузор намуд.
Чорбинӣ бо мақсади тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, инчунин дар амал татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон шудани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва дар ин замина баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ гузаронида шуд.
Дар кори Конфронс намояндагон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин коршиносони байналмилалии самти муқовимат ба коррупсия ширкат варзида, дар рафти он байни иштирокчиён вобаста ба поктинатӣ дар хизмати давлатӣ, ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии санҷиши поктинатии хизматчиёнӣ давлатӣ ва таҷрибаҳои пешқадами давлатҳои минтақа дар ин самт мубодилаи афкор сурат гирифт.
Нахуст чорабиниро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода С.С. ҳусни оғоз бахшида, қайд гардид, ки хизматчии давлатӣ бояд бо рафтору кирдори худ наҷибият, поктинатӣ ва адолатро таҷассум намояд ва омили муҳими фаъолияти бомуваффақияти хизматчии давлатӣ ин поквиҷдонӣ ва пешгирии истифодаи манфиатҳои шахсӣ дар фаъолияти меҳнатӣ мебошад.

Хизматчии давлатӣ ҳамчун субъекти асосии ҳуқуқвайронкунии коррупсионӣ ҳангоми фаъолияти хизматӣ бевосита ба ин падида дучор мешавад. Аз ин лиҳоз, ташаккули принсипи поктинатии хизматчии давлатӣ механизми асосии ташаккул ва фаъолияти дурусти хизмати давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар он одоб ва фарҳанги баланди муошират, инчунин таҳаммулпазирӣ нисбат ба коррупсия ҳамчун шарти муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои дӯстиву эҳтироми ҳамдигар сурат гирифта, ба боварии комил метавон гуфт, ки натиҷаҳои он барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ва муқовимати беамон бар зидди коррупсия заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Маркази матбуоти Агентӣ.
Чоп намудан
E-mail