Вохӣрии кормандони мақомот дар як қатор муассисаҳо ва корхонаҳои давлатӣ
Моҳи апрели соли 2025 бо мақсади ҷалби ҷомеа ба масоили муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи омӣзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва КВД БДА “Саноатсодиротбонк” вохӯриҳо анҷом дода шуд.
Дар рафти чорабинӣ ба ҳозирин муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», роҳу усулҳои муосири пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва мазмуну моҳияти барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ фаҳмонида шуда, даъват гардид, ки бо такя ба дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб якдилона сайъу кӯшиш намуда, ҷиҳати паст кардани шиддати он дар мамлакат, беҳтар намудани мавқеи кишвар дар радабандиҳои байналмилалӣ ва дар маҷмӯъ дар таъмини рушди босуръати иқтисодиёти давлат саҳмгузор бошанд.
Дар маҷмӯъ чорабиниҳо дар фазои руҳияи зиддикоррупсионӣ сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ



