Вохӯрӣ бо намояндагони Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе

Санаи 25 апрели соли 2025 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон байни масъулини мақомот ва намояндагони Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе вохӯрӣ сурат гирифт.

 

Дар рафти мулоқом масъалаҳои роҳандозӣ намудани чораҳои муштарак барои таҳияи Нақша чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 (марҳилаи дуюм 2026-2030), баргузории чорабиниҳои таблиғотӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ, ташкили курсҳои бозомӯзӣ барои кормандони вазорату идораҳо ҷиҳати баланд бардоштани донишу малакаи онҳо дар самти ошкорсозӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионӣ, андешидаи чораҳои ҳамоҳангшуда ҷиҳати амалисозии Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба татбиқи тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, инчунин дигар масоили ҷолиби диққат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Аз натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо мақсади мубориза бо коррупсия ва паст кардани шиддати ин зуҳурот давоми соли ҷорӣ яқ қатор чорабиниҳои муштараки зиддикоррупсиониро роҳандозӣ менамоянд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer