Мизи мудаввар дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

17 апрели соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Муқовимат ба коррупсия дар соҳаи илм ва маориф» баргузор гардид, ки дар рафти он роҳбарият ва масъулини Институт иштирок намуданд.

 

Дар рафти чорабинӣ маърӯзачиён атрофи масъалаҳои коррупсия ва оқибатҳои хисороти ин падидаи манфӣ ба амнияти иқтисодии кишвар, инчунин самтҳои мухталифи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрам ибрози андеша намуда, доир ба мавзӯи рӯз байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

 

Ҳадаф аз баргузории чунин чорибиниҳо ин пеш аз ҳама баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа, пешгирӣ аз содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

Чоп намудан E-mail

Footer