БАРГУЗОР НАМУДАНИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО ДАР ЯК ҚАТОР ВАЗОРАТУ ИДОРАҲОИ КИШВАР
Моҳи апрели соли 2025 тибқи «Нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳои кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳо дар самти муқовимат ба коррупсия барои нимсолаи якуми соли 2025» дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҳарчи бештари ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масоили муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ ва бартараф кардани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда бо иштироки роҳбарият ва кормандони ниҳодҳои мазкур суҳбату вохӯриҳо доир гардиданд.Зимнан, дар рафти чорабинӣ ба ҳозирин муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», роҳу усулҳои муосири пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва мазмуну моҳияти барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ фаҳмонида шуда, даъват гардид, ки бо такя ба дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб якдилона сайъу кӯшиш намуда, ҷиҳати паст кардани шиддати он дар мамлакат, беҳтар намудани мавқеи кишвар дар радабандиҳои байналмилалӣ ва дар маҷмӯъ дар таъмини рушди босуръати иқтисодиёти давлат саҳмгузор бошанд.
Дар баробари мавзӯҳои зиддикоррупсионӣ аз тарафи маърузачиён инчунин доир ба хавфу хатари экстремизм, терроризм, аз байн бурдани фарҳанги барои миллати мо бегона, истифодаи мақсадноки қувваи барқ, об, замин ва дигар масъалаҳои мубрам фаҳмонида дода шуд.

× ![Modal Image]()
Маркази матбуоти Агентӣ



