Иштироки намояндаи Агентӣ дар семинари омӯзишӣ барои масъулини мақомоти бо коррупсия муборизабаранда дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон
Иштироки намояндаи Агентӣ дар семинари омӯзишӣ барои масъулини мақомоти бо коррупсия муборизабаранда дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии ҚазоқистонРӯзҳои 21 - 24 октябри соли 2024 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси Маркази минтақавии рушди иқтидори Хазинаи байналмилалии асъор барои кишварҳои Қавқоз, Осиёи Марказӣ ва Муғулистон семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Мубориза бо коррупсия» баргузор гардид, ки дар кори он намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзид.
Чорабинӣ бо мақсади ба роҳ мондани табодули таҷрибаҳои беҳтарин ва омӯзиши заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва стратегии муқовимат ба коррупсия баргузор гардида, дар рафти он намояндагон аз мақомоти зиддикоррупсионии давлатҳои Армения, Озарбойҷон, Грузия, Казоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон низ иштирок намуданд.
Дар умум, семинари омӯзишӣ дар фазои илмию мубоҳисавӣ сурат гирифта, иштирокчиён аз маърӯзаҳои пурмуҳтавои коршиносони сатҳи байналмилалӣ ва таҷрибаҳои пешқадам дар самти муқовимат ба коррупсия баҳбардор гаштанд.

Маркази матбуоти Агентӣ.



