Баргузории семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Маърифати ҳуқуқӣ: нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории миллӣ” дар шаҳри Панҷакент

30 октябри соли 2024 бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷиҳати таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024, инчунин дар робита ба 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ - амалӣ дар мавзӯи «Маърифати ҳуқуқӣ: нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории миллӣ» ташкил ва баргузор карда шуд.
Дар кори семинари мазкур раиси шаҳри Панҷакент, сардори шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон, роҳбарият ва намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва суди шаҳри Панҷакент иштирок ва оиди масъалаҳои мухталифи ҳуқуқӣ маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.
 
​Аз ҷумла, зикр карда шуд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул гардидааст, Истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд.
 
​Ҳамзамон иброз гардид, ки бо заҳмату талошҳои содиқонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем, ки кишварамонро ба оламиён муаррифӣ намуда, ба сӯи фардои дурахшон сарбаландона қадам зада истодаем.
 
​Чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гашта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаҳои номатлуб, эҳтирому риояи қонун ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer