Ошкори ҳолати тасарруфи маблағи шаҳрвандон барои омода намудани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбии носолим

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷўӣ муайян карда шуд, ки Абдуллоев И.А. аз 12 августи соли 2020 то 24 январи соли 2022 дар вазифаи мутахассиси бақайдгирии мизи ҳарбии Корхонаи давлатии «Истифодабарии манзил»-и соҳили чапи шаҳри Хуҷанд кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Абдуллоева М.Н. моҳи марти соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд А.А.И. даромада, аз номбурда бо баҳонаи ба наберааш омода намудани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбии носолим ҷамъ маблағи 12 000 сомониро талаб карда гирифта, минбаъд бо мақсади амалӣ намудани қасди ҷиноятии худ бо истифода аз техникаи компютерӣ шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбии носолим аз 24 ноябри соли 2020, №007016-ро бо роҳи сохтакорӣ омода карда, ҳуҷҷати бараъло қалбакиро ба шаҳрванд А.А.И. дастрас намуданд.
 
Ғайр аз ин, Абдуллоев И.А. кирдори ҷинояткоронаи худро идома дода, моҳи майи соли 2024 бо шаҳрванд И.Ф. шиносоӣ пайдо намуда, ба охирин худро ҳамчун корманди Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд муаррифӣ карда, аз номбурда бо роҳи фиреб барои омода намудани шаҳодатнома бар ивази билети ҳарбии носолим ба номи бародараш И.М. ҷамъ маблағи 10000 сомониро талаб карда гирифта, ба манфиати номбурда ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағи зикршударо ба эҳтиёҷоти шахсиаш тасарруф намудааст.
 
Оиди ҳолати мазкур нисбати Абдуллоев И.А. ва дигарон бо моддаҳои 247 қисми 2 бандҳои “а,б,в,г” ва 340 қисми 2 бандҳои “б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шудааст.
 
Маркази матбуоти Агентӣ
 

Чоп намудан E-mail

Баргузории семинари омӯзишӣ дар Агентӣ

21 августи соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омузишӣ дар мавзуи «Тадқиқотҳо дар соҳаи идоракунии матлуб ва коррупсия: омӯзиши шафоффияти буҷаи Шарикии буҷаи байналмилалӣ» байни кормандони самти назорати давлатии молиявии мақомот бо иштироки коршиноси байналмилалии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
 
Зимнан, дар семинар ба кормандони Агентӣ коршиноси болозикр вобаста ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои матраҳшаванда омӯзиш гузаронида, дар ҷараёни он масъулини мақомот ва коршинос вобаста ба роҳҳои таъмини шаффофият ва истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ табодули афкор намуданд.
 
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои илмӣ ва музокиравӣ сурат гирифта, умед аст, ки донишҳои бадастомада минбаъд дар фаъолияти хизматии кормандон истифода хоҳанд гардид.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Ба итмом расидани мактаби тобистонаи зиддикоррупсионӣ барои ҷавонон

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» дар ҳамбастагӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе аз 12 то 16 августи соли 2024 «Мактаби тобистонаи зиддикоррупсионӣ барои ҷавонон»-ро дар истироҳатгоҳи “Ёс”-и дараи Ромит ташкил ва баргузор намуданд.
 
Дар чорабинӣ намояндагони Агентӣ ширкат варзида, дар мавзӯҳои гуногуни атрофи нақши ҷавонон дар роҳи муқовимат ба коррупсия бо маъруза ва презентатсия суханронӣ намуданд.
 
Инчунин, барои иштирок дар чорабинӣ аз тарафи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе мутахассисони соҳа аз хориҷи кишвар ва дохили ҷумҳурӣ ҷалб карда шуданд, ки номбурдагон вобаста ба масъалаҳои мухталифи самти муқовимат ба коррупсия ибрози андеша намуданд.
 
Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабинӣ ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии ҷавонон, таълим ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба ҳама гуна зуҳуроти коррупсия, инчунин дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба ин падида арзёбӣ мегардад.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории семинари омӯзишӣ дар Агентӣ

20 августи соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коршиноси хориҷӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи: «Тадқиқоти сотсиологӣ дар соҳаи идоракунии пешгирии хавфҳои коррупсионӣ» доир гардид.
 
Дар чорабинӣ намояндагони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе ва Эътилофи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон оид ба шаффофият ва муқовимат ба коррупсия ҷалб гардиданд.
 
Қайд гардид, ки дар доираи банди 69 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) вазорату идораҳои дахлдори кишвар муваззаф гардидаанд, ки бо мақсади муқаррар намудани сатҳи коррупсия дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ на камтар аз як маротиба дар як сол тадқиқоти сотсиологии умумӣ оид ба коррупсия ва тибқи таҳлилҳои асоснок ҳар сол тариқи интихобӣ тадқиқоти сотсиологии соҳавӣ баргузор намуда, натиҷаи онро ҷиҳати муқаррар намудани самтҳои сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.
 
Бо мақсади амалӣ намудани ин муқаррароти барномаи давлатии зиддикоррупсионӣ Агентӣ тасмим гирифтааст, ки соли ҷорӣ бо омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо роҳи гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ вазъи коррупсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намояд.
 
Дар доираи чорабинии баргузоргардида иштирокчиён атрофи масъалаи баррасишаванда саволҳо дода, вобаста ба он ҷавобҳои қонеъкунанда дарёфт намуданд.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ аз тарафи директори ҶСК «Заводи таъмири механикӣ»-и шаҳри Ваҳдат

Санҷиши молиявӣ - хоҷагидорӣ дар фаъолияти ҶСК «Заводи таъмири механикӣ»-и шаҳри Ваҳдат нишон дод, ки Ғуломов С.Р. зимни фаъолияти кориаш ба ҳайси директори ҳамин ҷамъият қасди тасарруфи маблағҳои буҷетиро назди худ пеша намуда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо роҳбарони ширкатҳои тиҷоратӣ давоми солҳои 2021 - 2023 дар якчанд ҳолат бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҷамъ маблағи 7 580 328 сомонии барои хародии дастгоҳу таҷҳизотҳои гуногуни барои эҳтиёҷи ҶСК «Заводи таъмири механикӣ»-и шаҳри Ваҳдат пешбинишуда, бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф карда, дастгоҳу таҷҳизотҳоро умуман ба завод ворид накарданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд.
 
Оиди ин ҳолат нисбати Ғуломов С. Р. ва дигарон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории семинари омӯзишӣ дар Агентӣ

16 августи соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Агентӣ семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Нишондиҳандаҳои байналмилалӣ: роҳҳои баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шохисҳои радабандиҳои байналмилалӣ» байни кормандони самти муқовимат ба коррупсияи мақомот бо иштироки коршиносони байналмилалии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
 
Зимнан, дар семинар ба кормандони Агентӣ коршиносони болозикр вобаста ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои матраҳшаванда омӯзиш гузаронида, дар ҷараёни он масъулини мақомот ва коршиносон вобаста ба роҳҳои беҳтар намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шохисҳои радабандиҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
 
Дар маҷмуъ, чорабинӣ дар фазои илмӣ ва музокиравӣ сурат гирифта, умед аст, ки донишҳои бадастомада ҷиҳати боло бурдани мавқеи кишвар дар радабандиҳои зикргардида мусоидат хоҳанд кард.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Баргузории семинари омӯзишӣ дар «Саноатсодиротбонк»

Санаи 14-уми августи соли 2024 тибқи «Нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳо дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳо дар самти муқовимат ба коррупсия барои нимсолаи дуюми соли 2024» кормандони раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» доир ба мавзӯӣ «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба коррупсия» семинари омӯзиширо доир намуданд.
 
Дар чорабинии барпогардида роҳбарият ва масъулини бонк ширкат варзида, ба мазмуну муҳтавои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар ин ҷода маълумоти зарурӣ дарёфт намуданд.
 
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳои заруриро вобаста ба ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат ба коррупсияро андешида истодааст.
 
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Қаллобии сардори коргузории зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав

Раҷабзода И.С. аз 16 январи соли 2023 дар вазифаи сардори коргузории зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав кору фаъолият намуда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, ҷинояти қаллобиро дар ҳолати зерин содир намуд.

 

Чунончи, Раҷабзода И.С. зимни фаъолияти кориаш ба боварии шаҳрванд Г.Б.С. даромада, аз ӯ барои омода намудани билети ҳарбӣ оиди адои хизмати алтернативӣ маблағи 31 100 сомониро гирифта, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шиносаш Ёров И.Р. ва собиқ корманди зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҳрум Буриев З.Ҷ. бо роҳи сохтакорӣ билети ҳарбиро таҳти силсила ва рақами №892727 омода карда дода, бо ин кирдораш ба шаҳрванд Г.Б.С. зарари моддӣ ба миқдори калон расониданд.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Раҷабзода И.С. ва Ёров И.Р. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди ҳарбии гарнизони Душанбе ирсол гардид.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer