Иштироки ҳайати Агентӣ дар Конфронси якуми солонаи аъзоёни Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ
Рӯзҳои 30 - 31 октябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо дастгирии Намояндагии минтақавии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ барои Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон Конфронси якуми солонаи аъзоёни Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ баргузор шуда истодааст, ки дар кори он ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии директори мақомот иштирок намуданд.Дар чорабинӣ роҳбарон ва масъулони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ширкат варзида, дар бораи таҷрибаи кишварҳои худ дар муқовимат ба коррупсия ва тадбирҳои андешидашуда дар ин самт ибрози андеша намуданд.
Инчунин, дар ҷараёни конфронс масъалаҳои фаъолияти Платформа дар соли 2024 ва чораҳои барои соли 2025 банақшагирифташуда, инчунин густариши фаъолият ва самтҳои он барои солҳои оянда мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадафи ташкилкунии чорабинӣ аз афзоиши тадбирҳо, табодули таҷрибаи пешқадам дар самти мубориза бо коррупсия ва андешидани чораҳои амалии зарурӣ ҷиҳати татбиқи босуръати Конвенсияи СММ зидди коррупсия иборат мебошад.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ идома ёфта ва интизор меравад, ки натиҷаҳои он ба таҳкими тадбирҳои муштараки мубориза бо коррупсия дар сатҳи минтақавӣ ва мустаҳкам кардани ҳамкориҳо дар ин самт таъсири мусбат расонад.

Маркази матбуоти Агентӣ



