Баргузории конфронси илмӣ – назариявӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар мавзӯи “Конститутсия - бахтномаи миллат”
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023, №668 Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 ва бахшида ба таҷлили 30-юмин солгарди “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 11 октябри соли ҷорӣ бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Конститутсия - бахтномаи миллат” баргузор карда шуд.Дар кори конфронс роҳбарият, масъулин ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва як қатор кормандони раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ширкат варзида, вобаста ба масъалаҳои таърихи қабули Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар таъмини волоияти қонун ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин вобаста ба дигар масъалаҳои мубрам баромадҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.
Қайд гардид, ки воқеан Конститутсияи Ҷумҳурии Тољикистон санади асосӣ ва тақдирсози давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азизамон ба ҳисоб рафта, он дар ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нақши калидӣ дорад.

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои илмӣ-мубоҳисавӣ сурат гирифта, ҳадаф аз баргузории он ин пеш аз ҳама дар сатҳидазлдор таҷлил намудани “Рузи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар ин замина таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва муборизаи беамон бо зуҳуроти коррупсия ба ҳисоб меравад.
Маркази матбуоти Агентӣ.



