Баргузории дарси кушод дар Агентӣ

Санаи 16 майи соли 2025 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави «Моҳвораи ҷавонон» барои аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дарси кушоди омӯзишӣ дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ» ташкил ва баргузор карда шуд.
 
Дар чорабинӣ роҳбарият ва кормандони ҷавони Агентӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аъзоёни Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» ширкат варзиданд.
 
Зимнан, чорабинӣ аз тарафи муовини якуми директори Агентӣ ифтитоҳ гардида, вобаста ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ баромади пурмуҳтаво ироа намуданд.
 
Қайд гардид, ки ҷавонон нерӯи созанда, бунёдкор ва пайравони асили сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, дар замони муосир ба онҳо тамоми шароити лозима барои таҳсил ва фаъолияти кории пурсамар фароҳам оварда шудааст.
 
Бояд қайд намуд, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама баланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, маърифати зиддикоррупсионии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба масоили муқовимат ба коррупсия арзёбӣ мегардад.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан

Footer