Баргузории озмуни вилоятии зиддикоррупсионӣ дар ҳошияи таҷлили «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон»
Ҷиҳати ба вуҷуд овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, амалӣ намудани сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва сазовор ҷашн гирифтани иди «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» аз тарафи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо раёсати маорифи вилояти Суғд ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд санаи 22 майи соли 2025 озмуни вилоятии «Иншои беҳтарин» ва «Расми беҳтарин» дар мавзӯи муқовимат ба коррупсия гузаронида шуд.Чорабинӣ байни хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардида, дар рафти он зиёда аз 200 нафар хонандагон ширкат варзиданд.
Зимнан, аз тарафи масъулини раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд, роҳбарияти раёсатҳои маориф ва кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, ки ҳамчун аъзоёни ҳайати ҳакамон баромад менамуданд, маводҳои пешниҳодшуда мавриди баҳогузорӣ қарор гирифта, ғолибони озмун муайян гардиданд ва дар шароити тантанавӣ бо диплому сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти Агентӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Қобили зикр аст, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ин ба вуҷуд овардани ҳисси масъулиятшиносӣ байни ҷавонон дар масоили муқовимат ба коррупсия ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии онҳо дониста мешавад.




Маркази матбуоти Агентӣ



