Маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни шаҳрии «Коррупсия – фоҷеаи миллат»

Санаи 24 майи соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ҷоизасупории ғолибони озмуни шаҳрии «Коррупсия - фоҷеаи миллат» баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ шахсони масъули раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе, намояндаи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, роҳбарону директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳр, намояндагони дигар муассисаҳои таълимӣ ва иштирокчиёни озмун аз ҳисоби толибилмони муассисаҳои таҳсилотии миёнаи умумии пойтахт ширкат варзиданд.

 

Нахуст, расмҳои кашидаи иштирокчиён дар саҳни «Боғи кӯдакон»-и Муассиса ба намоиш гузошта шуд, ки он аз тарафи ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ гардид.

 

Сипас дар шароити тантанавӣ маросими ҷоизасупории ғолибони даври шаҳрии озмуни «Коррупсия - фоҷеаи миллат» сурат гирифт. Пас аз супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони озмун, намоиши фарҳангӣ бо иштироки ансамбли «Шукуфаҳои пойтахт»-и Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

Маврид ба зикр аст, ки озмуни шаҳрии «Коррупсия-фоҷеаи миллат» соли дуюм аст, ки дар шаҳри Душанбе бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор карда шуда, дар он хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо завқу ҳаваси баланд иштирок менамоянд. Озмун аз ду давр иборат буда, даври нахустини он моҳи апрели соли ҷорӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.

Маркази матбуоти Агентӣ  

Чоп намудан

Footer