Ҷамъбастии мусобиқаи «Футболи хурд» дар Агентӣ

Хотирнишон месозем, ки дар ҳошияи таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол», ки бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи  футболи Тоҷикистон - муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи махсуси Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шудааст, аз 12 то 19 майи соли 2025 байни кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи «Футболи хурд» баргузор гардид.

 

Дар чорабинии варзишӣ 10 даста аз ҳисоби воҳидҳои сохтории мақомот байни худ қувваозмоӣ намуданд, ки дар натиҷа дастаи раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе ғолиби мусобиқа гашт.

 

Зимнан, аз натиҷаи чорабинӣ дар шароити тантанавӣ ба дастаҳои ғолибомада аз тарафи роҳбарияти Агентӣ тӯҳфаҳои хотирмон тақдим карда шуд.

 

Дар маҷмӯъ мусобиқаи варзишӣ дар шароити дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ гузашта, ҳадаф аз баргузории ин гуна чорабиниҳо пеш аз ҳама тарғиби ҳаёти солим байни кормандони мақомот арзёбӣ мегардад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан

Footer