Ҷашни «Иди байналмилалии Наврӯз» дар воҳидҳои маҳалию минтақавии Агентӣ

Санаи 21 марти соли 2025 дар воҳидҳои маҳалию минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори «Иди байналмилалии Наврӯз» бо иштироки ҳайати васеи кормандон чорабиниҳои идона баргузор гардиданд.

 

Раёсату шуъбаҳои маҳаллию минтақавии Агентӣ дар саҳни биноҳои худ дастархонҳои идона ороста, дар онҳо тамоми унсурҳои анъанаи наврӯзиро инъикос намуданд, ки воқеан аз қадима ва бошукӯҳ будани ин ҷашни бузург мужда медиҳад.

 

 Дар идома дар воҳидҳои маҳаллию минтақавии Агентӣ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандон бахшида ба ин ҷашни фархунда ҷаласаҳои тантанавӣ барпо гардида, зимни онҳо роҳбарият ҳозиринро ба муносибати ҷашни эҳёи табиат, оғози ниятҳои баҳорӣ ва ибтидои пешомадҳои нав табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, бурдборӣ, барору комёбӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан

Таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 марти соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандон ба ифтихори таҷлили «Иди байналмилалии Наврӯз» ҷаласаи идона бо шаҳомати хоса баргузор гардид.

 

Ҷаласаро директори Агентӣ - Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо фарорасии Соли нави аҷдодӣ, қудуми файзбору шукӯҳи баҳорӣ, пайғому пайки бедорӣ, яъне - «Наврӯзи байналмилалӣ», ки барои сокинони сарзамини биҳиштосоямон, дар баробари Истиқлоли давлатӣ ҷашни муқаддас ва пурифтихори миллӣ дониста мешавад, бо самимияти афзун табрику таҳният гуфта, зимнан ба онҳо саломатӣ, рӯзгори пурсаодат, бурдборӣ ва комёбиҳои беназирро таманно намуданд.

 

Қайд гардид, ки ин рӯйдоди муҳими таърихӣ махсусан дар Тоҷикистони азизи мо, ки «Ватани Наврӯз» маҳсуб меёбад, ҳамасола бо тамоми рукнҳои наврӯзӣ чун рамзи ифодагари ҳувият, худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, покизагӣ, эҳёи табиат ва дигар хусусиятҳои табиию фарҳангии худ, бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

 

Дар идома, бо мақсади риояи рукну суннатҳои ниёгон дар саҳни ҳавлии бинои мақомот аз тарафи кормандон дастархони идонаи Наврӯзӣ бо риояи тамоми унсурҳои миллӣ ороста шуд, ки он аз тарафи роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозбинӣ гардид.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таҷлили «Рӯзи Модар» дар Агентӣ

7 марти соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили «8 март - Рӯзи Модар» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

Чорабиниро директори Агентӣ - Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, модарону бонувони мақомотро бо ин ҷашни бошукӯҳ табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи онҳо тансиҳативу хонаободӣ, сулҳу субот, файзу баракат ва бурдборӣ дар фаъолияти минбаъдаашон таманно доштанд.

 

Зимнан роҳбарияти Агентӣ таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа пайваста тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намуда истодааст. Ѓайр аз ин, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳои худ ҳамеша заҳмати шарафманду хизмати содиқонаи зани тоҷикро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтмони НБО «Роғун», инчунин саҳми онҳо дар рушди иқтисодиёт, соҳибкорию тиҷорат, ташаккули ахлоқи насли наврас ва ободии Ватани азизамон махсус қадрдонӣ менамоянд.  

 

Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои идона сурат гирифта, дар рафти он кормандони мақомот бонувонро бо ин ҷашни фархунда табрику муборакбод намуданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ. 

Чоп намудан

Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Чораҳои пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар соҳаи нақлиёт»

31 январи соли 2025 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муколамаи масоили муқовимат ба коррупсия дар соҳаи нақлиёт дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Чораҳои пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар соҳаи нақлиёт» баргузор намуд.

 

Дар чорабинӣ роҳбарият ва масъулини Агентӣ, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои зертобеи он, аз ҷумла Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, муассисаҳои давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ», «Нигоҳдории нақбҳо ва шабакаҳои равшандиҳӣ», Корхонаҳои воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбута ширкат варзида, фикру мулоҳизаҳои худро доир ба мавзӯъ баён намуданд.

 

Нахуст чорабиниро муовини якуми директори Агентӣ ифтитоҳ намуда, вобаста ба чораҳои пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар соҳаи нақлиёт, рафти амалисозии сиёсати зиддикоррупсионӣ ва бартараф намудани хавфҳои коррупсионии ҷойдошта дар ин соҳа ибрози андеша намуданд.

 

Зимнан, аз иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки иҷрои вазифаҳои хизматии худро баҳри ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, тақвияти муқовимати дастаҷамъона ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия дар соҳаи нақлиёт мунтазам равона намуда, дар пешрафту шукуфоии ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

 

Дар идомаи чорабинӣ иштирокчиён бо маърӯзаҳо баромад карда, ҷиҳати рушди соҳа, аз байн бурдани омилҳои инсонӣ зимни хизматрасониҳои нақлиётӣ, роҳу усулҳои самараноки муқовимат ба коррупсия ва дигар масъалаҳои ҷолиби диққат таклифу пешниҳодҳои муфиди худро манзур намуданд.

Дар умум конфронс дар фазои илмӣ ва мубоҳисавӣ ҷараён гирифта, иштирокчиён ба кори он баҳои баланд доданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢ ВА МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ»

10 январи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

 

Ҷаласаро директори Агентӣ - Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо «Иди касбӣ» табрику муборакбод намуда, ба кормандон ва собиқадорони мақомот тансиҳативу хонаободӣ, файзу баракат ва муваффакиятҳои беназирро дар фаъолияти хизматиашон таманно намуданд.

 

Қайд карда шуд, ки тӯли 18 сол аст, ки ниҳоди мазкур дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун субъекти асосии бо ин падидаи номатлуб муборизабаранда, ҷиҳати пешгирӣ ва ошкору бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, сабабу шароитҳои барои содир намудани онҳо мусоидаткунанда ва ғанӣ гардонидани буҷети давлатӣ фаъолияти пурсамар анҷом дода истодааст.

 

Таърихи таъсис ва ташаккулёбии Агентӣ нишон медиҳад, ки ҷиҳати   фаъолияти   самараноки ин мақомот, мустаҳкам намудани пояҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва таъминоти моддии он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хусусан Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхориҳои зиёд зоҳир карда мешавад.

 

Кормандони Агентӣ бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ баҳри амалишавии сиёсати дурандешона ва оқилонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионии кишвар, ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷети давлатӣ ва пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ муқовимат намуда, дар ин ҷода ба натиҷа ва дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

 

Дар идомаи чорабинӣ мутахассисони ҷавоне, ки ба хизмат дар мақомоти Агентӣ қабул шудаанд, барои адои хизмати содиқона  ба халқу Ватан тантанавор савганд ёд карданд. Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болида гардонидани руҳи кормандон барномаи фарҳангии идона бо иштироки ҳунармандону санъаткорони кишвар намоиш дода шуд.

 

Ҳамзамон, дар воҳидҳои маҳалливу минтақавии Агентӣ низ «Рӯзи кормандони мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия» бо як шаҳомати хоса ҷашнг гирифта шуда, дар ин замина чорабиниҳои идона баргузор гардиданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан

БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИҲО ҶИҲАТИ ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ»

9 декабри соли ҷорӣ дар ҳошияи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бо ташаббуси раёсати Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» дар мавзӯи «Муқовимат ба коррупсия ҳамчун самти афзалиятнок ва самарабахши рушди соҳаҳои мухталифи кишвар» семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

 

Дар кори семинари илми-амалӣ роҳбарияти раёсати Агентӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, кормадони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони соҳаи илм, тандурустӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди вилоят иштирок ва бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

 

Инчунин, бо мақсади таҷлили «Рузи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роѓун аз ҷониби шуъбаи Агентӣ дар минтақаи Рашт низ ҳамоиши илмӣ баргузор карда шуд.

 

Мақсад аз баргузории чорабиниҳои болозикр пеш аз ҳама баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии қишрҳои гуногуни ҷомеа, омӯзиш ва таҳлили вазъи воқеии муқовимат ба коррупсия аз лиҳози илмӣ ва таҷрибаи мақомоти марбута дар ин самт, ҷалби васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масоили муқовимат ба коррупсия ва муайянсозии роҳу усулҳои самарабахши муқовимат ба ин падидаи номатлуб маҳсуб меёбад.

 

Чорабиниҳо зикргардида дар сатҳи баланд баргузор шуда, иштирокчиён аз маърӯзаҳои пурмуҳтаво баҳра бардоштанд ва итминон аст, ки баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва ба ин васила паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меоваранд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШҲО БАХШИДА БА «РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ»

9 декабри соли 2024 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ» дар ҳошияи таҷлили «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» ҳамоишҳо доир гардиданд.

 

Чорабиниҳои мазкурро роҳбарияти ниҳодҳои болозикр ҳусни оғоз бахшида, қайд намуданд, ки дар замони муосир бо рушди иқтисоди бозаргонӣ ва муносибатҳои тиҷоратии байналмилалӣ коррупсия хусусияти умумиҷаҳониро касб намуда, бо низоми боз ҳам мураккаб ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз ҷомеаи ҷаҳониро зарур омад, ки бо мақсади якҷоя намудани кушишҳо дар самти мубориза бо коррупсия як санади меъёрии ҳуқуқии байналмилалиро қабул намуда, муносибатҳои байни давлатҳоро дар доираи он ба роҳ монанд. Ҳамин буд, ки 31 октябри соли 2003 дар 51-ум ҷаласаи пленарии сессияи 58-уми Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид, бо қатъномаи 58/4 дар шаҳри Ню-Йорки ИМА Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуд.

 

Зимнан 9-11 декабри соли 2003 дар Конфронси сиёсии сатҳи баланд дар шаҳри Меридаи Мексика ин санади байналмилалии зиддикоррупсионӣ аз ҷониби зиёда аз 100 давлати дунё пазируфта шуд. Аз ин хотир 9 декабр ҳамчун “Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия” эълон гардида, аз соли 2004 инҷониб ҳамасола аз ҷониби давлатҳои дунё таҷлил карда мешавад.

 

Дар фарҷом иштирокчиёни чорабиниҳо дар доираи маърӯзаҳои ироашуда мубодилаи афкор намуда, паҳлуҳои гуногуни падидаи номатлуби коррупсияро зери музокира қарор доданд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан

Таҷлили «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» дар воҳидҳои маҳаллию минтақавии Агентӣ

6 декабри соли 2024 бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва инчунин, 9 декабри соли 2024 аз тарафи раёсати Агентӣ дар вилояти Хатлон ва шуъбаи минтақавии Агентӣ дар водии Зарафшон бахшида ба «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» чорабиниҳои дахлдор баргузор карда шуд.
 
Мақсади асосии гузаронидани чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.
 
Дар Конфронс ва вохӯриҳои баргузоргардида маърӯзачиён оид ба таърихи пайдоши коррупсия, қабули Конвенсияи СММ зидди коррупсия, муҳиммияти муқовимати дастаҷамъона бо ин падидаи номатлуб ва баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии сокинони кишвар ибрози андеша намуданд.
 
Зикр бояд намуд, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ташкилию ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба коррупсия пурра ташкил гардида, ба мо зарур аст, ки ҷиҳати амалисозии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар дар ин самт саҳми худро гузорем.
 
Чорабиниҳо вобаста ба таҷлили «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» дар воҳидҳои маҳаллию минтақавии Агентӣ дар сатҳи баланд баргузор гашта, умед аст, ки натиҷаҳои онҳо барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа таъсири худро мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан

Footer