Иштироки кормандони Агентӣ дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ
18 майи соли 2025 дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор гардид, ки дар рафти он наздики 250 ҳазор нафар ва дар марафони велосипедронӣ беш аз 19 ҳазор нафар иштирок намуданд.
Дар баробари кормандони вазорату идораҳо ва шаҳрвандони касбу кори гуногун дар Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ кормандони дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои маҳалливу минтақавии мақомот дар вилояту шаҳрҳо фаъолона ширкат варзиданд.
Дар ин ифтитоҳи расмии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ дар пойтахт муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, доир ба ташвиқу тарғиби ҳаёти солим ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ ибрози андеша карданд.
Таъкид шуд, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар ҷумҳурӣ якшанбеи сеюми моҳи май гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа - таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад. Баргузории Дави миллӣ ва таҷлили иду ҷашнҳо дар мамлакат ин нишона аз сулҳу оромии давлати азизамон буда, нишона аз арҷгузорӣ ба таърихи ниёгонамон аст. Дави миллӣ низ воситаи сарҷамъии миллат, дӯстиву рафоқат ва воситаи ташвиқи тарзи ҳаёти солим ба шаҳрвандон мебошад.


Маркази матбуоти Агентӣ



