Баргузории мусобиқаи «Футболи хурд» миёни кормандони Агентӣ
Санаи 12 майи соли 2025 дар ҳошияи таҷлили «Рӯзи ҷаҳонии футбол», ки бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон - муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи махсуси Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул карда шудааст, мусобиқаи «Футболи хурд» байни кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Нахуст чорабиниро муовини якуми директори Агентӣ Расулӣ Барот ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба ташаббуси созанда ва саривақтии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати эълон намудани 25 май ҳамчун «Рӯзи байналмиалии футбол» ва пазируфта шудани ин ташаббус аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ қайд гардид, ки футбол яке аз намудҳои машҳуртарини варзиш ба ҳисоб рафта, асоси пойдории дӯстӣ ва сулҳу субот дар байни халқу миллатҳои мухталифи дунё дониста шуда, дар ташаккули тарзи ҳаёти солими ҳар як нафар нақши муҳимро мебозад.


Маркази матбуоти Агентӣ



