Баргузории маъракаи ниҳолшинонӣ дар деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом

Роҳбарият ва кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо шукргузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар дар пайравӣ аз сиёсати ободкоронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 чораандешӣ намуда, дар ин замина дар мавзеи Санҷидзори деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом маъракаи ниҳолшинонӣ дар сатҳи баланд доир намуданд.
 
Дар рафти ин тадбири ободонӣ дар умум 1820 адад ниҳоли дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан, аз қабили 650 адад зардолуи навъи интенсивӣ, 570 адад бодом, 570 адад шафтолу ва 30 адад арча бо тавсияи мутахассисон ва риояи қоидаҳои агротехникӣ дар масоҳати 3 гектар замин шинонида шуд.
 
Ҳамзамон, баҳри ҳифзу нигоҳдории ниҳолҳо ва таъмини инкишофу сабзиши минбаъдаи онҳо тадбирҳои судманд андешида шуда истода, кормандони раёсат минбаъд низ дар корҳои созандагию бунёдкорӣ ва сарсабз намудани муҳити зист саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан

Footer