14 ноябри 2024 .
14 ноябри соли 2024 дар раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайати шахсӣ бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва 32-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Зикр гардид, ки 16-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Президент бо назардошти саҳми арзанда ва хизматҳои бузурги Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони ихлосу самимият, муҳаббат ва қадршиносии миллати мо нисбат ба Сарвари маҳбубу раҳнамо ва рамзи муттаҳидии мардум дар атрофи Пешвои муаззами миллат аст.
Дар чорабинӣ бахшида ба ин рӯз кормандони раёсат дар мавзӯъҳои “Президент- ифтихори мо” ва “ Иҷлосияи тақдирсоз” баромад намуданд ва дар умум ҳамоиш дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ аз ин рӯйдоди бузурги таърихӣ сурат гирифт.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
14 ноябри 2024 .
14 ноябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати шахсии мақомот бахшида ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Чорабиниро муовини якуми директори Агентӣ - Расулӣ Б. ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба таҷлили «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули давлати навини тоҷикон ибрози андеша намуданд.
Қайд гардид, ки аз ҷониби мардуми сарбаланду хештаншиноси тоҷик дар шакли ҷумҳурии президентӣ қабул карда шудани низоми идоракунии давлатдории Тоҷикистон маҳсули сабақҳои таърихӣ ва натиҷагириҳо аз самараи фаъолияти давлатдории гузашта ва имрӯзаи мо ба ҳисоб меравад. Мафҳуми «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо шахсият ва хидматҳои бузургу шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайвастагии ногусастанӣ дорад.
Инчунин, дар идомаи чорабинӣ кормандони Агентӣ оид ба аҳамияти муҳими таърихӣ доштани ин сана дар ҳаёти мардуми шарифи Тоҷикистон бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд ва вобаста ба мавзӯъ видеороликҳои иҷтимоӣ барои тамошои ҳозирин гузошта шуданд.
Дар фаровард муовини якуми директори Агентӣ ҳайати шахсиро бори дигар бо «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» самимона муборакбод намуда, саломатию бурдборӣ ва ба Тоҷикистони азиз сулҳу сафои ҷовидонаро таманно намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ.
Чоп намудан
05 ноябри 2024 .
05 ноябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ доир гардид.
Нахуст чорабиниро директори Агентӣ - Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати таҷлили 30-юмин солгарди санаи қабули ҳуҷҷати сарнавиштсози миллати куҳанбунёди тоҷик - Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, доир ба моҳияти қонуни асосӣ дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон, нақши он дар танзими муносибатҳои иҷтимоию маънавии ҷомеа, эътирофу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсону шаҳрванд дар шароити босуръати ҷаҳонишавӣ ибрози андеша намуданд.
Зикр шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо назардошти таклифу дархостҳои аҳолӣ, фикру мулоҳизоти мутахассисону донишмандони бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ ва қабл аз ҳама, бо дастуру тавсияҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо риояи меъёрҳои демократӣ қабул гардид ва ба сифати дастури раҳнамунсоз шоҳроҳи миллати моро ба сӯи музаффариятҳои нав ба нав муайян сохт.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хусусиятҳои мардумсолорӣ, эътирофи арзишҳои ҷомеаи демократӣ, риояи тавозуни олии таҷзияи рукнҳои давлат аз ҷониби мутахассисони байналмиллалӣ ба сифати яке аз беҳтарин конститутсияҳо дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф шудааст, ки он мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ кормандони Агентӣ бо маърузаҳои баландмазмун баромад намуда, фикру ақидаи худро оиди бузургӣ ва аҳамияти муҳимми таърихӣ доштани ин санади олии ҳуқуқӣ иброз намуданд.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои идона ва руҳияи баланди меҳанпарварӣ сурат гирифт.
Чоп намудан
24 октябри 2024 .
Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» ва дар сатҳи дахлдор таҷлил кардани ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 октябри соли 2024 дар бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино Конференсияи ҷумҳуриявиро дар мавзуи «Конститутсия – бахтномаи миллат, калиди маърифат ва ташаккули фазои зиддикоррупсионии ҷомеа» барпо намуд.
Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Зариф Ализода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Султонзода Сулаймон Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Саидзода Раҳим Ҳамро, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, инчунин масъулини ниҳодҳои болозикр, ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, олимону устодон ва донишҷӯёни ин муассисаҳо ширкат варзиданд, ки теъдоди умумии иштирокчиёни чорабинӣ 1600 нафарро ташкил дод.
Чорабинӣ аз қисмати назаривӣ ва фарҳангӣ иборат буда, нахуст қисмати назариявиро директори Агентӣ Султонзода С.С. ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба муҳимияи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши ин санади тақдирсоз дар ташаккули давлати навини тоҷикон ибрози андеша намуданд.
Қайд гардид, ки воқеан ба эҳтирому арҷгузорӣ сазовор будани Конститутсия дар он ифода меёбад, ки ин санади муҳим дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва дар умум барои зиндагии орому осоиштаи имрӯзаи мо дар ҳақиқат нақши таърихию калидӣ дорад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ маҳз тавассути ҳамин шиноснома ба хусусияти давлати мо ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, таъриху фарҳанг, забони миллӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, муносибат ба инсону шаҳрванд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои он, мавқеи халқ дар низоми ҳокимияти давлатӣ, муносибати давлат ба моликият, тартиби таъсиси мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ, маҳаллӣ ва худидоракунӣ шиносоӣ пайдо кард.
Дар идомаи чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Зариф Ализода ва дигар меҳмонон вобаста ба муҳимияти таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи қабули ин санад ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия, қабул ва таҳкими Конститутсия баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.
Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузории Конференсия ин пеш аз ҳама нишон додани нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Дар фарҷоми қисмати назариявии чорабинӣ барои гузоштани саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонони даъватшуда бо медали Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои ҳамкорӣ» қадрдонӣ карда шуданд.
Зимнан дар қисмати дуюми Конференсия бо мақсади дар сатҳи дахлдор таҷлил намудани ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин бо ҷалби санъаткорон ва ҳунарпешаҳои кишвар барномаи фарҳангии идона намоиш дода шуд.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои идона ва руҳияи баланди ватандӯстӣ сурат гирифта, умед аст, ки натиҷаҳои он таъсири худро барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ.
Чоп намудан
04 октябри 2024 .
4 октябри соли 2024 дар раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайати шахсии раёсат бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Қайд карда шуд, ки 5 октябр бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қаламрави Кишвар бо нишонаи арҷгузорӣ ба забон, фарҳанг ва маърифати ватандорӣ ҳамчун рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.
Дар чорабинӣ мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур, номзади илмҳои филологӣ Дустов К.М. ва кормандони раёсат дар мавзӯъҳои “Забон ҳастии миллат” ва“ Нақши Пешвои миллат дар шинохт ва нигаҳдошти забони тоҷикӣ” бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.
Чорабинӣ дар рӯҳияи баланди ватандорӣ ва ифтихор аз забони модарӣ сурат гирифта, ба боварӣ метавон гуфт, ки он дар ташаккули афкори иштирокчиён оид ба худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
04 октябри 2024 .
4 октябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Сараввал роҳбарияти Агентӣ ҷаласаи тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз карда, ҳозиринро ба ифтихори ин санаи арзишманд барои миллати тоҷик табрику муборакбод намуданд.
Қайд гардид, ки забони тоҷикӣ ба ҳайси як забони бостонӣ ва ҷаҳонӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пуршебу фарозро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст.
Таърих собит сохтааст, ки забони тоҷикӣ дар шумори қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёӣ маҳсуб ёфта, ба ҳайси унсури муҳимтарини фарҳанги миллӣ таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад ва ба доираи забонҳои фарҳангии ҷаҳон шомил мебошад.
Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мирзо Солеҳзода ширкат варзида, доир ба асолати таърихӣ ва арзиши волои забони тоҷикӣ андешаҳои худро иброз намуданд ва дар ин радиф кормандони мақомотро бо Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
19 сентябри 2024 .
19 сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Прокурори генералӣ ва директори Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия, Прокурори генералии Ҷумҳурии Қирғизистон, муовини прокурори генералӣ ва директори Департаменти тафтишоти молиявии Ҷумҳурии Белорус, директори Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муқовимат ба коррупсия, директори Агентии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Муовини котиби генералии Кумитаи иљроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустаъқил ва роҳбарияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи IХ Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Ба кори ҷаласа Прокурори генералии Федератсияи Россия Краснов Игор Викторович ҳусни оғоз бахшида, бо қарори дахлдори аъзоёни Шӯро директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид ҳамчун раисикунандаи Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2024 - 2025 таъин карда шуд.
Сипас чорабинии болозикр таҳти раёсати директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султнозода С.С. идома ёфта, дар он роҳбарияти Агентӣ вобаста ба таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия суханронӣ карданд.
Дар идомаи кори ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои қаблии Шӯро, чораҳои самарабахши муқовимат ба коррупсия ва равишҳои умумӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо коррупсия мавриди муҳокима қарор дода шуда, байни роҳбарони аввали мақомотҳои аъзои Шўро вобаста ба корҳои анҷомдодашуда табодули афкор сурат гирифт.
Дар охири ҷаласа ҷиҳати фаъолияти Шӯрои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия дар соли 2025 қарорҳои дахлдор қабул карда шуда, барои таъмини иҷро ба аъзоёни Шӯро ирсол гардид.
Ҷаласа дар маҷмӯъ дар сатҳи баланд ва фазои ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, умед аст, ки қарорҳои дар он қабулгардида ҷиҳати тақвиятӣ ҳамкорӣ ва пурзур гардидани муқовимат ба коррупсия заминаи мусоидат хоҳад кард.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан
08 сентябри 2024 .
Санаи 07 сентябриӯ соли 2024 дар маркази ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо мақсади дар сатҳи муносиб таҷлил намудани ҷашни «33-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маҷлиси идона ва як қатор чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил ва баргузор гардид, ки дар рафти он директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Султонзода Сулаймон Саид ширкат варзиданд.
Зимни суханронӣ директори Агентӣ Султонзода С.С. ҳозиринро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ин ҷашни фараҳманд табрику муборакбод намуда, қайд намуданд, ки Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузург ва муқаддаси халқу миллати сарбаланду куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб рафта, маҳз бо шинохти ҳамин арзиш ҳамасола ин санаи муборакро ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ, нишонаи ҳувият, озодӣ ва сарфарозӣ бо самимияту шукргузорӣ аз ободию озодӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ таҷлил менамоянд.
Дар ин раванд, андешаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар баромадҳои худ ҷиҳати дарки қадру манзалати ин шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ, мунтазам баён медоранд, мо - мардуми шарифи Тоҷикистонро, ба ҳайси пайравони Пешвои худ, бояд ба он водор созад, ки ба ин санаи муборак бо сидқу эътимоди қавӣ эҳтироми хоса гузорем.
Зимнан, дар идомаи чорабинӣ як қатор масъулини ниҳодҳо ва сокинони ноҳияи Дӯстӣ бинобар расидан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди ноҳия бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуда, дар фарҷоми маҷлиси тантанавӣ ба сокинон барномаи фарҳангии идона бо ҷалби сарояндаву овозхонҳои шинохтаи кишвар намоиш дода шуд.
Дар маҷмӯъ, ҷашни «33-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Дӯстӣ дар сатҳи баланд ва фазои идона таҷлил гардида, ҷиҳати хушҳолии сокинон дар ҳудуди ноҳия чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ муддати якчанд рӯз идома хоҳад ёфт.
Маркази матбуоти Агентӣ
Чоп намудан