Иштироки ҳайати Агентӣ дар ҷаласаи машваратии Шабакаи байниидоравии барқарорсозии дороиҳо дар Осиёи Шарқӣ ва Марказӣ
Санаи 21 майи соли 2025 ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҷаласаи машваратии Шабакаи байниидоравии барқарорсозии дороиҳо дар Осиёи Шарқӣ ва Марказӣ (ARIN-WCA) ширкат варзиданд, ки дар баробари ҳайати мақомот дар чорабинии мазкур инчунин намояндагон аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон намояндагии минтақавии Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ, Эрон ва Покистон низ иштирок намуданд.
Дар рафти ҷаласа аз тарафи иштирокчиён фаъолияти анҷомдодаи Шабака дар давраи соли 2024, натиҷаҳои бадастоварда, густариши робитаҳои байналмилалӣ ва камбудиҳои дар фаъолияти Шабака ҷойдошта мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифт.
Қайд гардид, ки мубориза бо ҷиноятҳои коррупсионӣ ва баргардонидани дороиҳои ғайриқонунӣ бадастоварда яке аз мушкилоти глобалии ҷаҳони имрӯза ба ҳисоб рафта, фаъолияти Шабака маҳз барои мубориза бо ин падидаҳои манфур равона гардида, дар ин ҷода байни аъзоёни он робитаи кории хуб ба роҳ монда шудааст.
Дар фарҷоми чорабинӣ бинобар сабаби дар соли 2025 гузаштани раисии Шабака ба ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи он дар шароити тантанавӣ ба масъулини Агентӣ супорида шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ



