Иштироки ҳайати Агентӣ дар 11-умин вохӯрии коршиносони аъзоёни шабакаҳои минтақавии байниидоравии барқарорсозии дороиҳо

Санаи 14 – 15 майи соли 2025 ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии муовини директори Агентӣ - Камолзода Ф.А. дар 11-умин вохӯрии коршиносони аъзоёни шабакаҳои минтақавии байниидоравии барқарорсозии дороиҳо, ки бо ташаббуси Маркази аврупоӣ оид ба ҷиноятҳои молиявӣ ва иқтисодии Агентии Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ аз 14 то 15 майи соли 2025 дар шаҳри Гаагаи Нидерландия баргузор гардид, ширкат варзиданд.
 
Зимни чорабинӣ масъалаи фаъолияти Марказ ва зерсохторҳои он дар самти муқовимат ба қонунигардонии дороиҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда ва маблағгузории терроризм, баргардонидани дороиҳои ҷиноӣ, густариши фаъолияти Марказ ва воҳидҳои сохтории он дар самти табодули маълумот, инчунин дигар масъалаҳои ҷорӣ мавриди муҳокимаронӣ қарор гирифтанд.
 
Бояд қайд намуд, ки вохӯрии зикршуда баҳри боҳам овардани коршиносон ва намояндагони шабакаҳои минтақавии баргардонидани дороиҳо ҷиҳати табодули донишу таҷрибаи пешрафтаи якдигар ва беҳтар намудани роҳу усулҳои ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт равона шуда, кормандони мақомот аз иштирок дар чорабинии мазкур таассуроти хуб ба даст оварданд.
Маркази матбуоти Агентӣ
 

Чоп намудан E-mail

Footer