Баргузории семинар бо кормандони соҳаи дин ва танзими ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон
Дар идомаи Нақша-чорабиниҳои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон бо мақсади баланд бардоштан савияи ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ ва мутахассисони соҳа моҳи майи соли 2025 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон семинар-машварат дар самти муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.Зимни баргузории чорабинӣ мудирони шуъбаю бахшҳои соҳаи дин ва танзими ҷашну маросими шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуда, дар рафти он аз тарафи масъулини раёсати Агентӣ дар ВМКБ доир ба нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 декабри соли 2024, қонунгузории зиддикоррупсионӣ, хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, фурўш ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои ҳуқуқвайронркунии маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда вобаста ба истифодаи ғайриқонунии нерӯи барқ ва дигар самтҳои мухталиф корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

Маркази матбуоти Агентӣ



