Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзўи «Нақши ҷавонон дар муқовимат ба коррупсия» бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон»

21 майи соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар ҳамбастагӣ бо раёсати адлияи вилояти Хатлон дар толори маҷлисгоҳи Муасиссаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар муқовимат ба коррупсия» бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» доир гардид.
 
Дар чорабинӣ масъулини раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, Муасиссаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав», прокуратураи вилояти Хатлон, раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, раёсати адлияи вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, ташкилоту муассисаҳои вилояти Хатлон, кормандони ҷамоати шаҳраку деҳот, олимону устодон ва донишҷӯён ширкат варзиданд, ки теъдоди умумии иштирокчиёни чорабинӣ 300 нафарро ташкил дод.
 
Дар рафти чорабинӣ қайд гардид, ки дар замони муосир дар рушду инкишофи давлат ҷавонон нақши муҳим доранд ва умеду такягоҳи давлату миллатанд. Бо назардошти ин, ҷавононро зарур аст, ки пайваста ба омӯзиш, такмили донишу маърифати ҳуқуқии худ машғул шаванд. Барои ташаккул додани мафкураи миллӣ дар вуҷуди ҷавонон, шинохти бештари манфиатҳои миллӣ ва дар рӯҳияи ҳисси оштинопазир будан бо терроризму экстремизм, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва намудҳои дигари ҷиноятҳо тарбия намудани ҷавонон, бадин васила пешгирӣ намудани моилгардонии ҷавонон ба андешаву ҳадафҳои гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ аз масъулини сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ талошҳо ва тадбирандешиҳои бештар дар ҳамоҳангӣ тақозо мегардад.
 
Мақсад аз баргузории конференсия ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон арзёбӣ гардида, муборизаи фаъолонаи онҳо бар зидди коррупсия аз он шаҳодат медиҳад, ки насли нави шаҳрвандони Тоҷикистон ба ростқавлӣ, адолат ва рушди кишвари худ талош меварзанд. Дастгирии ҷавонон дар талошҳои онҳо барои муқовимат ба коррупсия ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ зарур мебошад.
 
Дар умум конференсия дар фазои илмӣ ва мубоҳисавӣ ҷараён гирифта, иштирокчиён ба кори он баҳои баланд доданд.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer