Омӯзиш ва таҳлили қонунгузорӣ ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ бо кормандони соҳаи фарҳанги шаҳри Панҷакент

Моҳи майи соли 2025 бо ташаббуси шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар заминаи конфронс ва чорабинии маърифатӣ-фарҳангӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии осорхонаҳо, ки дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносӣ ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент» доир гардид, вохӯрии самаранок доир ба таҳлил ва омӯзиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ бо кормандони соҳаи фарҳанги шаҳри Панҷакент баргузор карда шуд.
 
​Дар чорабинии доиргардида кормандони Шуъба оид ба чораҳои муқовимат ба коррупсия ва роҳҳои пешгирии ҳуқуқваронкуниҳои коррупсионӣ дар соҳаи фарҳанг, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ, инчунин доир ба хавфу хатари экстремизм ва терроризм дар ҷомеа, риояи қатъии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суханронӣ намуданд.
 
Дар маҷмӯъ чорабинӣ дар фазои зиддикоррупсионӣ сурат гирифт ва ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer