Баргузории вохӯрӣ оид ба шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун

6 январи соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо ташаббуси шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикитон дар минтақаи Рашт ва иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни давлатӣ, намояндагони аҳли зиё ва фаъолони ҷомеа вохӯрӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки санаи 28 декабри соли 2024 дар бинои Парлумони кишвар ироа гардид, сурат гирифт.

 

Зимни чорабинӣ кормандони шуъбаи Агентӣ дар минтақаи Рашт муҳтавои дастуру супоришҳои Пешвои миллатро доир ба иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ташаккул додани маърифати молиявии шаҳрвандон ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ маърӯза намуданд.

 

Махсус қайд карда шуд, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва рушди технологияҳои инноватсионӣ яке аз роҳҳои асосии таъмин намудани шаффофияти хизматрасонӣ, баҳисобгирӣ ва пешгирии омилҳои коррупсия маҳсуб ёфта, бо пешниҳоди Президенти маҳбуби кишварамон эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» яке аз иқдомҳои саривақтӣ арзёбӣ карда шуд.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Footer