Баргузории мизи мудаввар бо намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон
13 декабри соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки як қатор кормандони мақомот ва намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон тариқи маҷозӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Мубориза бо коррупсия: аҳамияти чораҳои пешгирикунанда» баргузор гардид.
Чорабинӣ дар доираи «Барномаи ҳамкорӣ бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2024 - 2025 оид ба амалисозии Созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар самти муқовимат ба коррупсия» доир гардида, дар рафти он вобаста ба таҷрибаи миллӣ дар самти муқовимат ба коррупсия табодули таҷриба сурат гирифта, иштирокчиён доир ба мавзӯъ ибрози андеша намуданд.
Ҷонибҳо ба рушд ва тавсеаи шарикии мутақобилан судманд дар самти муқовимат ба коррупсияи фаромиллӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар чаҳорчӯбаи Созишномаи болозикр изҳор намуданд.

Маркази матбуоти Агентӣ



