СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ТАҲТИ УНВОНИ «РОҲҲОИ ПЕШГИРИИ ОМИЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ»

23 декабри соли 2024 бо ташабусси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии саноати кимиёи шаҳри Левакант»-и Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар ҳошияи эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» бо иштироки кормандони раёсат ва намояндагони бахши маорифи шаҳри Левакант семинари омӯзишӣ таҳти унвони: «Роҳҳои пешгирии омилҳои коррупсионӣ» миёни кормандонӣ муассисаи таълимии мазкур ва дигар кормандони соҳаи маорифи шаҳри Левакант баргузор гардид.

 

Дар рафти чорабинӣ аз тарафи иштирокчиён қайд гардид, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа мебошад ва дар ҷаҳони муосир ҳамчун яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва харобсозандаи рушди иқтисодию иҷтимоии давлату ҷомеа эътироф гаштааст. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин самт қабулшуда аз дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, барои паст кардани сатҳи коррупсия, фароҳам овардани шароит барои рушди иқтисодиёт, инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум равона карда шудааст.

 

Дар фарҷом таъкид карда шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, рушди босуботи ҷомеа ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуби коррусионӣ гузаронидани корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ байни аҳолӣ мувофиқи мақсад мебошад.  

Маркази матбуоти Агентӣ

 

Чоп намудан E-mail

Footer