БАРГУЗОРИИ КОНФРОНС БАХШИДА БА «РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ»

6 декабри соли 2024 бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи таҷлили «Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия» бо иштироки занону бонувони фаъоли касбу кори гуногун конфронс дар мавзӯи «Нақши занон дар муқовимат ба коррупсия» доир карда шуд.
 
Чорабинии мазкур бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофзода Гавҳар, муовини якуми раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуруллозода Фирӯза, кормандони ниҳоди мазкур, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин раисони шӯрои занони вазорату идораҳо, мудирони шӯъба ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе сурат гирифта, дар он маърӯзачиён доир ба мавзӯҳои мухталифи муқовимат ба коррупсия баромад намуданд.
 
Ҳадаф аз баргузории конфронс - таҳлили нақши занон дар муқовимат ба коррупсия, таҳкими мавқеи онҳо дар ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ роҷеъ ба ин мушкилот маҳсуб ёфта, дар доираи он муколамаи самимӣ бо таклифу тавсияҳои ҷолиб баргузор гардид.
 
Конфронси мазкур муҳокимаи фаъол ва муфассали мавзӯҳои марбут ба нақши занон дар сиёсат ва мубориза бар зидди коррупсияро миёни иштирокчиён ба вуҷуд оварда, бо пешниҳоди роҳҳои амалӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таъмини поквиҷдонӣ ва ҷалби бештари занон дар раванди муқовимат ба коррупсия ба анҷом расид.
 
Дар умум чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гашта, умед аст, ки натиҷаҳои он таъсири худро барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа мерасонад.
 
Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Footer