Баргузории мизҳои мудаввар дар муассисаҳои давлатии шаҳри Бохтар

Моҳи апрели соли 2025 бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар филиали №42 Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар минтақаи Бохтар ва Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар» вобаста ба шарҳи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дигар масъалаҳои мухталифи самти муқовимат ба коррупсия мизҳои муддавар баргузор гардиданд.
 
Чорабиниҳо бо ҷалби доираи васеи кормандони соҳаҳо баргузор шуда, дар рафти он иштирокчиён атрофи масоили муқовимати дастаҷамъона зидди падидаи манфури коррупсия ва роҳҳои пешгирии ин зуҳурот суханронӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои мубориза бо коррупсия, баланд бардоштани мафкураи зиддикоррупсионии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ мегардад.
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer