Баргузории мизи мудаввар дар мавзӯи «Сабаб ва шароитҳои зуҳурёбии коррупсия дар ҷомеаи ҷаҳонӣ»
Бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе санаи 14 марти соли 2025 дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» дар мавзӯи «Сабаб ва шароитҳои зуҳурёбии коррупсия дар ҷомеаи ҷаҳонӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабиниро роҳбарияти Муассиса оғоз намуда, доир ба сабаб ва шароитҳои зуҳурёбии коррупсия дар ҷомеаи ҷаҳонӣ андешаронӣ карданд. Зимнан, иштирокчиёни дигар низ дар мавзӯҳои «Танзими ҳуқуқии муносибатҳои зиддикорруписонӣ», «Омилҳои зуҳурёбии коррупсия дар ҷомеаи ҷаҳонӣ» ва «Мубориза бо коррупсия омили пешрафту суботи ҷомеа» маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки мақсад аз баргузории чорабинӣ ин пеш аз ҳама пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ва таъмини иҷрои қонуну барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ арзёбӣ гашта, дар назар аст, ки натиҷаҳои он барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа натиҷаи мусбат мегузорад.

Маркази матбуоти Агентӣ



