Маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҷониби кормандони мақомот

Моҳи марти соли 2025 кормандони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар иртибот ба сиёсати ободкоронаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сарсабзу хуррам гардонидани кишвари азизамон дар мавзеи Фахрободи ноҳияи Хуросон маъракаи ниҳолшинонӣ гузарониданд.

 

Чорабинӣ барои беҳтарсозии муҳити зист, рушди устувори экосистмаҳо ва ободии табиати нодири Тоҷикистон равона гардида, дар назар аст, ки дар майдони умумии 6 га. замин зиёда аз 7000 ниҳоли сояафкану ороишӣ, аз ҷумлаи айлон, арча, шулаш ва бодоми талхак, шинонида шавад.

 

Бо мақсади нашъунамои дуруст ҳамаи ниҳолҳо тибқи қоидаҳои агротехника ба системаи обёрии қатрагӣ пайваст гардида, дар ин ҷода дастгоҳҳои зарурӣ насб карда шуданд. ­Ғайр аз ин, ҷиҳати эмин нигоҳ доштани ниҳолҳо аз поймолшавии чорво ҳудуди қитъаи замин пурра симтурбандӣ гаштанд.

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Footer