Ошкори ҳолати қаллобӣ ба миқдори махсусан калон

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ - тафтишотӣ муайян карда шуд, ки Холов А.Қ. дар вазифаи мутахассиси шуъбаи баруйхатгирии техникии КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Ёвон кору фаъолият карда, зимни фаъолияти кориаш қасдан ва бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр давоми моҳи апрели соли 2023 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Н.М.А даромада, аз номбурда бо баҳонаи ба номи хешовандонаш ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани 0,15 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳисоби заминҳои Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон маблағи 166 000 сомониро талаб намуд.

 

Дар навбати худ, шаҳрванд Н.М.А бехабар аз қасди ҷиноятии Холов А.Қ. ба гуфтаҳои охирон боварӣ ҳосил намуда, давоми солҳои 2023-2024 дар якчанд маврид ба номбурда дар маҷмӯъ маблағи 166 000 сомониро дастрас намуд, ки дар натиҷа Холов А.Қ. баъди гирифтани маблағи зикршуда ба манфиати шаҳрванд Н.М.А. ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағи бо роҳи фиреб гирифтаашро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф намуда, тасарруф кард.

 

Оиди ин ҳолат нисбати Холов А.Қ. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъд аз гузаронида тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer