Ошкори ҳолати қаллобии директори КФВД «Лоиҳакаш» дар шаҳри Ваҳдат

Моҳи январи соли 2025 шаҳрванд Д.М. ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза муроҷиат намуда, хоҳиш кардааст, ки  нисбати директори Корхонаи фаръии воҳиди давлатии «Лоиҳакаш» дар шаҳри Ваҳдат Мутавалиев М.Д. чораҳои қонунӣ андешида шавад. Зеро номбурда барои муайян намудани қитъаи замин ва омода кардани шаҳодатномаи бақайдгирии замин аз ӯ маблағи 29 000 сомонӣ гирифта, айни замон боз оварда додани 21 000 сомонии иловагиро талаб намуда истодааст.

 

Зимнан, худи ҳамон рӯз аз ҳисоби кормандони мақомот гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои дахлдор Мутавалиев М.Д. баъди аз шаҳрванд Д.М. дар утоқи кории худ, воқеъ бинои КФВД «Лоиҳакаш» дар шаҳри Ваҳдат гирифтани маблағи 21 000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи болозикр аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт карда гирифта шуд.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Мутавалиев М.Д. бо моддаи 247 қисми 3 банди «б» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол гардид.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer