Тасарруфи маблағҳои буҷетӣ аз тарафи директори ҶСК «Заводи таъмири механикӣ»-и шаҳри Ваҳдат
Санҷиши молиявӣ - хоҷагидорӣ дар фаъолияти ҶСК «Заводи таъмири механикӣ»-и шаҳри Ваҳдат нишон дод, ки Ғуломов С.Р. зимни фаъолияти кориаш ба ҳайси директори ҳамин ҷамъият қасди тасарруфи маблағҳои буҷетиро назди худ пеша намуда, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо роҳбарони ширкатҳои тиҷоратӣ давоми солҳои 2021 - 2023 дар якчанд ҳолат бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҷамъ маблағи 7 580 328 сомонии барои хародии дастгоҳу таҷҳизотҳои гуногуни барои эҳтиёҷи ҶСК «Заводи таъмири механикӣ»-и шаҳри Ваҳдат пешбинишуда, бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф карда, дастгоҳу таҷҳизотҳоро умуман ба завод ворид накарданд, ки бо ин кирдори қасдонаи худ ба давлат зарари махсусан калони моддӣ расониданд.Оиди ин ҳолат нисбати Ғуломов С. Р. ва дигарон бо моддаҳои 245 қисми 4 банди «б» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардидааст.
Маркази матбуоти Агентӣ



