Баргузории семинари омӯзишӣ дар Агентӣ
16 августи соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Агентӣ семинари омӯзишӣ таҳти унвони «Нишондиҳандаҳои байналмилалӣ: роҳҳои баланд бардоштани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шохисҳои радабандиҳои байналмилалӣ» байни кормандони самти муқовимат ба коррупсияи мақомот бо иштироки коршиносони байналмилалии Дафтари барномаҳои САҲА дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.Зимнан, дар семинар ба кормандони Агентӣ коршиносони болозикр вобаста ба паҳлуҳои мухталифи масъалаҳои матраҳшаванда омӯзиш гузаронида, дар ҷараёни он масъулини мақомот ва коршиносон вобаста ба роҳҳои беҳтар намудани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шохисҳои радабандиҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Дар маҷмуъ, чорабинӣ дар фазои илмӣ ва музокиравӣ сурат гирифта, умед аст, ки донишҳои бадастомада ҷиҳати боло бурдани мавқеи кишвар дар радабандиҳои зикргардида мусоидат хоҳанд кард.

Маркази матбуоти Агентӣ



