Ба итмом расидани мактаби тобистонаи зиддикоррупсионӣ барои ҷавонон

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» дар ҳамбастагӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе аз 12 то 16 августи соли 2024 «Мактаби тобистонаи зиддикоррупсионӣ барои ҷавонон»-ро дар истироҳатгоҳи “Ёс”-и дараи Ромит ташкил ва баргузор намуданд.
 
Дар чорабинӣ намояндагони Агентӣ ширкат варзида, дар мавзӯҳои гуногуни атрофи нақши ҷавонон дар роҳи муқовимат ба коррупсия бо маъруза ва презентатсия суханронӣ намуданд.
 
Инчунин, барои иштирок дар чорабинӣ аз тарафи Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе мутахассисони соҳа аз хориҷи кишвар ва дохили ҷумҳурӣ ҷалб карда шуданд, ки номбурдагон вобаста ба масъалаҳои мухталифи самти муқовимат ба коррупсия ибрози андеша намуданд.
 
Ҳадафи асосии баргузории чунин чорабинӣ ин баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва зиддикоррупсионии ҷавонон, таълим ва тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба ҳама гуна зуҳуроти коррупсия, инчунин дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба ин падида арзёбӣ мегардад.
 
Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer