Қаллобии сардори коргузории зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав

Раҷабзода И.С. аз 16 январи соли 2023 дар вазифаи сардори коргузории зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳринав кору фаъолият намуда, бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, ҷинояти қаллобиро дар ҳолати зерин содир намуд.

 

Чунончи, Раҷабзода И.С. зимни фаъолияти кориаш ба боварии шаҳрванд Г.Б.С. даромада, аз ӯ барои омода намудани билети ҳарбӣ оиди адои хизмати алтернативӣ маблағи 31 100 сомониро гирифта, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шиносаш Ёров И.Р. ва собиқ корманди зершуъбаи даъват ва тайёрии ҷавонон ба хизмати ҳарбии Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе маҳрум Буриев З.Ҷ. бо роҳи сохтакорӣ билети ҳарбиро таҳти силсила ва рақами №892727 омода карда дода, бо ин кирдораш ба шаҳрванд Г.Б.С. зарари моддӣ ба миқдори калон расониданд.

 

Оиди ҳолати мазкур нисбати Раҷабзода И.С. ва Ёров И.Р. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди ҳарбии гарнизони Душанбе ирсол гардид.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан E-mail

Footer