Баргузории семинари омӯзишӣ дар Агентӣ
20 августи соли 2024 дар бинои дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби коршиноси хориҷӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи: «Тадқиқоти сотсиологӣ дар соҳаи идоракунии пешгирии хавфҳои коррупсионӣ» доир гардид.Дар чорабинӣ намояндагони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Душанбе ва Эътилофи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон оид ба шаффофият ва муқовимат ба коррупсия ҷалб гардиданд.
Қайд гардид, ки дар доираи банди 69 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) вазорату идораҳои дахлдори кишвар муваззаф гардидаанд, ки бо мақсади муқаррар намудани сатҳи коррупсия дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалию ҷамъиятӣ на камтар аз як маротиба дар як сол тадқиқоти сотсиологии умумӣ оид ба коррупсия ва тибқи таҳлилҳои асоснок ҳар сол тариқи интихобӣ тадқиқоти сотсиологии соҳавӣ баргузор намуда, натиҷаи онро ҷиҳати муқаррар намудани самтҳои сиёсати зиддикоррупсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурда мешавад.
Бо мақсади амалӣ намудани ин муқаррароти барномаи давлатии зиддикоррупсионӣ Агентӣ тасмим гирифтааст, ки соли ҷорӣ бо омӯзиши таҷрибаи дигар давлатҳо дар ҳамбастагӣ бо ниҳодҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо роҳи гузаронидани тадқиқоти сотсиологӣ вазъи коррупсияро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намояд.
Дар доираи чорабинии баргузоргардида иштирокчиён атрофи масъалаи баррасишаванда саволҳо дода, вобаста ба он ҷавобҳои қонеъкунанда дарёфт намуданд.
Маркази матбуоти Агентӣ



