Баргузории семинари омӯзишӣ дар «Саноатсодиротбонк»
Санаи 14-уми августи соли 2024 тибқи «Нақшаи баргузории суҳбату вохӯриҳо дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилоту муассисаҳо дар самти муқовимат ба коррупсия барои нимсолаи дуюми соли 2024» кормандони раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии Бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк» доир ба мавзӯӣ «Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба коррупсия» семинари омӯзиширо доир намуданд.Дар чорабинии барпогардида роҳбарият ва масъулини бонк ширкат варзида, ба мазмуну муҳтавои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар ин ҷода маълумоти зарурӣ дарёфт намуданд.
Аз ҷумла зикр карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳои заруриро вобаста ба ташкилу фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи амалии муқовимат ба коррупсияро андешида истодааст.
Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар сурат гирифта, ба итминон метавон гуфт, ки натиҷаҳои он таъсири мусбии худро ҷиҳати дар ҷомеа ба вуҷуд овардани муносибати оштинопазир ба падидаи коррупсия ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии иштирокчиён мерасонад.

Маркази матбуоти Агентӣ



