Баргузории маҷлиси тантанавии раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

4 ноябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи бинои раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии раёсат маҷлиси тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
 
Дар чорабинӣ масъулини раёсат дар мавзуъҳои “Конститутсия ва нақши он дар эъмори давлати комилҳуқуқ ва дунявӣ” ва “Таърихи пайдоиши конститутсия” бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда, вобаста ба муҳимияти арҷгузории ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуданд.
 
Қайд гардид, ки қабули ин санади сарнавиштсоз дар роҳи бунёд ва рушди давлати навини тоҷикон нақши калидӣ дошта, яке аз дастовардҳои бузурги даврони истиқлол арзёбӣ мегардад.
 
Дар умум, чорабинӣ дар рӯҳияи баланди ватандорӣ ва ифтихор аз бузургдошти ин санаи муқаддас сурат гирифт.
Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Footer