Ифтитоҳи даври ниҳоии озмуни шаҳрӣ таҳти унвони: «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем».

Санаи 8 ноябри соли 2024 бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 17 сентябри соли 2024, №28-231 дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо иштироки намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ҳайати ҳакамон даври ниҳоии озмуни шаҳрӣ таҳти унвони: «Омилҳои коррупсиониро маҳкум месозем» оғоз гардид.
 
Намояндаи МИҲД шаҳри Душанбе бо сухани муқаддимавӣ баромад карда, ҳозиринро бо ифтитоҳи даври ниҳоии озмун шодбош гуфта, ба иштирокчиён барору комёбиро таманно намуд.
 
Дар рафти ниҳоии озмун корҳои аз ҷониби иштирокчиён пешниҳодшуда аз тарафи ҳайати ҳакамон мавриди баҳогузорӣ қарор гирифта, натиҷаи озмун ва ғолибони он дар шароити тантанавӣ дар рӯзҳои наздик муаррифӣ мегарданд.
Маврид ба зикр аст, ки озмуни мазкур аз 1 октябр то 1 ноябри соли ҷорӣ дар ноҳияҳои пойтахт баргузор гардида, дар он зиёда аз 3000 хонанда ширкат варзида, аз ин шумора 84 нафар ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.
 
Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Footer