Мулоқоти директори Агентӣ бо роҳбари Комиссияи мустақили зиддикоррупсионии минтақаи махсуси маъмурии Гонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин

31 октябри соли 2024 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид дар ҳошияи сафари хизматӣ барои иштирок дар Конфронси якуми солонаи аъзоёни Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ бо роҳбари Комиссияи мустақили зиддикоррупсионии минтақаи махсуси маъмурии Гонконги Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.


Зимни мулоқот ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории байни ду мақомот мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд робитаҳои байниидоравӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият дода шавад.


Қайд гардид, ки тавофуқоти дар ҷараёни гуфтушунидҳои дуҷониба ҳосилшуда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкории ду мақомоти бо коррупсия муборизабаранда заминаи мусоидро фароҳам меоварад.

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан E-mail

Footer