Баргузории Конференсияи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Конститутсия – бахтномаи миллат, калиди маърифат ва ташаккули фазои зиддикоррупсионии ҷомеа»

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» ва дар сатҳи дахлдор таҷлил кардани ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 24 октябри соли 2024 дар бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино Конференсияи ҷумҳуриявиро дар мавзуи «Конститутсия – бахтномаи миллат, калиди маърифат ва ташаккули фазои зиддикоррупсионии ҷомеа» барпо намуд.

 

Дар чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Зариф Ализода, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - Султонзода Сулаймон Саид, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - Саидзода Раҳим Ҳамро, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, инчунин масъулини ниҳодҳои болозикр, ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, олимону устодон ва донишҷӯёни ин муассисаҳо ширкат варзиданд, ки теъдоди умумии иштирокчиёни чорабинӣ 1600 нафарро ташкил дод.

 

Чорабинӣ аз қисмати назаривӣ ва фарҳангӣ иборат буда, нахуст қисмати назариявиро директори Агентӣ Султонзода С.С. ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба муҳимияи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши ин санади тақдирсоз дар ташаккули давлати навини тоҷикон ибрози андеша намуданд.

 

Қайд гардид, ки воқеан ба эҳтирому арҷгузорӣ сазовор будани Конститутсия дар он ифода меёбад, ки ин санади муҳим дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва дар умум барои зиндагии орому осоиштаи имрӯзаи мо дар ҳақиқат нақши таърихию калидӣ дорад.

 

Ҷомеаи ҷаҳонӣ низ маҳз тавассути ҳамин шиноснома ба хусусияти давлати мо ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ, таъриху фарҳанг, забони миллӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, муносибат ба инсону шаҳрванд ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои он, мавқеи халқ дар низоми ҳоки­мияти давлатӣ, муносибати давлат ба моликият, тартиби таъсиси мақо­моти олии ҳокимияти давлатӣ, маҳаллӣ ва худидоракунӣ шиносоӣ пайдо кард.

 

Дар идомаи чорабинӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ  Зариф Ализода ва дигар меҳмонон вобаста ба муҳимияти таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи қабули ин санад ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия, қабул ва таҳкими Конститутсия баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

 

Бояд қайд намуд, ки мақсад аз баргузории Конференсия ин пеш аз ҳама нишон додани нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа арзёбӣ мегардад.

 

Дар фарҷоми қисмати назариявии чорабинӣ барои гузоштани саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмонони даъватшуда бо медали Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои ҳамкорӣ» қадрдонӣ карда шуданд.

 

Зимнан дар қисмати дуюми Конференсия бо мақсади дар сатҳи дахлдор таҷлил намудани ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи ҳозирин бо ҷалби санъаткорон ва ҳунарпешаҳои кишвар барномаи фарҳангии идона намоиш дода шуд.

 

Дар маҷмӯъ, чорабинӣ дар фазои идона ва руҳияи баланди ватандӯстӣ сурат гирифта, умед аст, ки натиҷаҳои он таъсири худро барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷомеа мерасонад.

 

Маркази матбуоти Агентӣ.

Чоп намудан

Footer