Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе

4 октябри соли 2024 дар раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайати шахсии раёсат бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

 

Қайд карда шуд, ки 5 октябр бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қаламрави Кишвар бо нишонаи арҷгузорӣ ба забон, фарҳанг ва маърифати ватандорӣ ҳамчун рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

 

Дар чорабинӣ мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур, номзади илмҳои филологӣ Дустов К.М. ва кормандони раёсат дар мавзӯъҳои “Забон ҳастии миллат” ва“ Нақши Пешвои миллат дар шинохт ва нигаҳдошти забони тоҷикӣ” бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

Чорабинӣ дар рӯҳияи баланди ватандорӣ ва ифтихор аз забони модарӣ сурат гирифта, ба боварӣ метавон гуфт, ки он дар ташаккули афкори иштирокчиён оид ба худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ мусоидат хоҳад кард.

 

Маркази матбуоти Агентӣ

 

 

Чоп намудан

Footer