Ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба таҷлили рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4 октябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

 

Сараввал роҳбарияти Агентӣ ҷаласаи тантанавиро бо сухани ифтитоҳӣ оғоз карда, ҳозиринро ба ифтихори ин санаи арзишманд барои миллати тоҷик табрику муборакбод намуданд.

 

Қайд гардид, ки забони тоҷикӣ ба ҳайси як забони бостонӣ ва ҷаҳонӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пуршебу фарозро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст.
 

Таърих собит сохтааст, ки забони тоҷикӣ дар шумори қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёӣ маҳсуб ёфта, ба ҳайси унсури муҳимтарини фарҳанги миллӣ таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад ва ба доираи забонҳои фарҳангии ҷаҳон шомил мебошад.

 

Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мирзо Солеҳзода ширкат варзида, доир ба асолати таърихӣ ва арзиши волои забони тоҷикӣ андешаҳои худро иброз намуданд ва дар ин радиф кормандони мақомотро бо Рӯзи забони давлатӣ табрику таҳният гуфтанд.

Маркази матбуоти Агентӣ

Чоп намудан

Footer