ҶАЛАСАИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ “РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН”
6 сентябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки сиёсатшинос, директори маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Абдуллоҳи Раҳнамо ва ҳайати васеи кормандон бахшида ба таҷлили ҷашни 33 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Нахуст чорабиниро директори Агентӣ, генерал-лейтенанти адлия Султонзода Сулаймон Саид ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда шодбош гуфта, ба онҳо саломатӣ, хушбахтиву сарбаландӣ ва дар фаъолияти масъулиятнокашон барору комёбиҳоро таманно намуданд.
Қайд гардид, ки Рӯзи «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз зумраи рӯйдодҳое маҳсуб меёбад, ки барои миллати куҳанбунёд ва сарбаланди тоҷик бузургтарин ва шукуҳмандтарин санаи сиёсиву таърихӣ, рӯзи ба ҳақиқат табдил ёфтани ормонҳои ҳазорсолаи ниёгонамон ва натиҷаи талошҳои халқи куҳанбунёди мо барои расидан ба соҳибдавлативу соҳибихтиёрӣ маҳсуб меёбад.
Яқинан ҳамин неъмат буд, ки ба халқу миллат ва кишвари мо қувваи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард ва имрӯз мо дилпурона метавонем гӯем, ки Тоҷикистон дар кӯтоҳтарин муддат бо саҳми меҳварии Пешвои муаззами миллат - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои хеле назаррас ноил гардид ва дар маҷмӯъ дар ин давра мактаби сиёсӣ ва давлатдории муосири миллии тоҷикон шакл гирифт.
Дар идомаи чорабинӣ директори маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ Абдуллоҳи Раҳнамо кормандони Агентиро бо ин санаи фараҳбахш табрику таҳният гуфта, роҷеъ ба моҳияти истиқлолу озодӣ, сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолӣ баромади пурмуҳтаво намуд.

Ҳамзамон, дар ҷаласаи идона бахшида ба таҷлили 33 - юмин солгарди ин ҷашни бузургу муқаддас ғолибони мусобиқаи варзишии «Тенниси рӯимизӣ» ва як қатор кормандони мақомот бо назардошти натиҷаҳои назаррасӣ корӣ ва намунавор иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ туҳфаҳо, сипосномаву ифтихорнома ва рутбаҳои навбатӣ ҳавасманд гардонида шуданд.
Ҷаласаи тантанавӣ бо чорабинии фарҳангии идона ба поён расида, намояндагони санъату фарҳанг бо эҷодиёти худ дар васфи Ватану ватандӯстӣ табъи ҳозиринро болида гардониданд.
Маркази матбуоти Агентӣ



